расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ПУРАСРОРИ МУХОЛИФИ САРСАХТИ ПУТИН АЛЕКСЕЙ НАВАЛНИЙ ДАР ЗИНДОНИ РУСИЯ

Асосӣ / Ҷаҳон

МАРГИ ПУРАСРОРИ МУХОЛИФИ САРСАХТИ ПУТИН АЛЕКСЕЙ НАВАЛНИЙ ДАР ЗИНДОНИ РУСИЯ

МАРГИ ПУРАСРОРИ МУХОЛИФИ САРСАХТИ ПУТИН АЛЕКСЕЙ НАВАЛНИЙ ДАР ЗИНДОНИ РУСИЯ
Алексей Навалний, яке аз чеҳраҳои намоёни мухолифини режими президенти кунунии Русия Владимир Русия, ки дар маҳбаси №3 дар минтақаи Харпи ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс адои ҳукм мекард, дар зиндон ҷони худро аз даст додааст. Дар ин бора идораи Хадамоти федеролии зиндонҳри Русия (ФСИН) дар ҳавзҳаи Ямалу Ненетс хабар дод. Дар баёнияи ФСИН омадааст, ки "16-уми феврали соли 2024 дар муассисаи ислоҳии рақами 3, маҳкумшуда Навалний А.А. пас аз сайру гашт худро бад ҳис карда, аз ҳуш рафт. Кормандони бахши тиббии муассисаи ислоҳӣ дарҳол ҳозир шуда, Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карданд. Зимни расонидани ёрии таъҷилӣ, табибон чораҳои заруриро барои эҳё анҷом доданд, вале кумакҳои онҳо натиҷаи мусбат надод."
Навалний ҳамагӣ 47 сол дошт. Леонид Соловёв, адвокати Навалний гуфт, бори охир адвокат бо ӯ рӯзи чоршанбе, 14 феврал дар зиндон мулоқот дошт ва аҳволи Навалний хуб буд. Ҳомиёни ҳуқуқ низ гуфтаанд, ки Навалний ба онҳо аз саломатиаш шикоят накарда буд.
Марги мармузи Навалний мавҷи вокунишҳои байналмилалиро ба бор овардааст. Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, Иттиҳоди Аврупо режими ҳокими Русияро масъули мутлақи марги фоҷиавии Навалний мешуморад. Президенти Украина Владимир Зеленский шахсан президенти Русия Владимир Путинро дар марги Навалний гунаҳкор кард ва гуфт, Путин ба хотири ҳифзи курсӣ ба куштори ҳар касе даст мезанад. 
Тобиас Биллстрем, вазири хориҷаи Шветсия марги Навалнийро хабаре даҳшатбор ва “боз як ҷинояти мудҳиши режими Путин” номид. Марк Рютте, сарвазири Ҳолланд низ марги Навалнийро баёнгари “бераҳмии бемислумонанди режими Русия” номид ва гуфт, “Навалний дар як шароити шадид ва ғайриинсонӣ адои ҳукм мекард ва худро дар роҳи озодӣ қурбон кард”.
Ян Липавский, вазири хориҷаи Чехия гуфт, “Русия ба як давлати бетараҳҳуме табдил ёфтааст ва онҳоеро, ки орзуи ояндаи беҳтареро доранд, ба мисли Немтсов ва Навалний танҳо барои мухолифини Путин буданашон ба зиндон меандозад ва бо азоб мекушад”.
Вазири хориҷаи Фаронса Стефан Сежурне  марги Навалний дар зиндонро “баёнгари воқеиятҳои режими Владимир Путин” номид ва гуфт, ки Навалний “барои муқовиматаш ба истибдод ҷони худро қурбон кард”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.