расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РОНАНДАИ “ТОЙОТА”-РО БАРОИ БА БЕРУН ҲАВО ДОДАНИ ПӮЧОҚУ ҚОҒАЗ ПРОТОКОЛ КАРДАНД (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа

РОНАНДАИ “ТОЙОТА”-РО БАРОИ БА БЕРУН ҲАВО ДОДАНИ ПӮЧОҚУ ҚОҒАЗ ПРОТОКОЛ КАРДАНД (АКС)

РОНАНДАИ “ТОЙОТА”-РО БАРОИ БА БЕРУН ҲАВО ДОДАНИ ПӮЧОҚУ ҚОҒАЗ ПРОТОКОЛ КАРДАНД (АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  рӯзи 15 феврали соли 2024 аз боздошти ронандаи “Тойота” барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ, яъне барои аз тирезаи мошинаш ба берун ҳаво додани пӯсту пӯчоқи афлесуну бодом ва дигар қоғазпораҳо хабар дод.
Милитсия мегӯяд, дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота", рақамҳои қайди давлатиаш 55 60 TS 01, Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ боздошт карда шуд. Ӯ ба он муттаҳам мешавад, ки дар ҷараёни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст. Худи Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни пурсиш номбурда ба кирдори содир намудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ кард.Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Ба ӯ то 360 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.