расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Тошканд машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуданд

Асосӣ / Сиёсат

Дар Тошканд машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуданд

13 феврал дар Тошканд даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Ҷумҳурии Узбекистон Раҳматулло Нуримбетов роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати муколамаи сиёсӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин табодули афкор атрофи ҳамкории Душанбе ва Тошканд дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ анҷом дод шуд.
Зимни чорабинӣ таваҷҷуҳи махсус ба омода намудани қисмати муҳтавоии тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд зоҳир  шуд.
Дар ҳошияи сафар вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов ва машваратҳо дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ оид ба ташхиси заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо доир гардиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.