расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 6 САР ЧОРВОИ КАЛОНИ ЯК ПИРАМАРДИ 70-СОЛАРО АЗ САРИ ЗАМИН ДУЗДИДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

6 САР ЧОРВОИ КАЛОНИ ЯК ПИРАМАРДИ 70-СОЛАРО АЗ САРИ ЗАМИН ДУЗДИДААНД

6 САР ЧОРВОИ КАЛОНИ ЯК ПИРАМАРДИ 70-СОЛАРО АЗ САРИ ЗАМИН ДУЗДИДААНД
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 10 феврали соли 2024 аз ошкор шудани дуздии 6 сар чорво дар Турсунзода хабар дод.
Ба иттилои милитсия, ба  ШВКД шаҳри Турсунзода бо ариза пирамарди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият муроҷиат намудааст, ки 22-юми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои ин ҷамоат 6 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 42 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 3800 долларро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ ба шумор рафта, нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 2229 ҳолати дуздӣ, соли 2022 4 ҳазору 868 ҳодисаи дуздӣ ва соли 2021 6019 чунин ҳодиса сабт шудааст. Ин тақрибан чоряки ҷамъи ҷиноятҳои содиршударо дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.