расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ ДАҲҲО МУҲОҶИР ДАР АНБОРИ ШИРКАТИ “WILDBERRIES” ДАР ШАҲРИ ЭЛЕКТРОСТАЛ

Асосӣ / Муҳоҷир

ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ ДАҲҲО МУҲОҶИР ДАР АНБОРИ ШИРКАТИ “WILDBERRIES” ДАР ШАҲРИ ЭЛЕКТРОСТАЛ

ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ ДАҲҲО МУҲОҶИР ДАР АНБОРИ ШИРКАТИ “WILDBERRIES” ДАР ШАҲРИ ЭЛЕКТРОСТАЛ 
Телеграм-каналҳои Русия рӯзи 9 феврали соли 2024 бо нашри видеои лаҳзаи занозании байни коргарону посбонони анбори бузурги ширкати “Wildberries” дар шаҳри Электростали вилояти Маскав хабар доданд. Шаҳри Электростал дар фосилаи ҳамагӣ 40 километр аз МКАД ва 60 километр аз маркази шаҳри Маскав дар шарқи пойтахти Русия ҷойгир шудааст.
Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики «База» хабаар дод, ки занозанӣ дар блоки 7-ум рух додааст.  “Кор дар блоки ҳафтум комилан қатъ гардид. Барои ҷудо кардани тарафҳои даргир нирӯҳои ОМОН, 5 мошини кормандони ДПС ва 2 мошини кормандони ППС ба ҷои ҳодиса омаданд. Дар назди анбор автозак ва чанд “Газел” дида мешуд”, - хабар додаст «База».
Телеграм-канали «Мигранты: все как есть»  дар бораи иштироки 100 нафар ва канали «Многонационал» дар бораи тақрибан 200 иштирокчии занозанӣ дар Электростал хабар доданд. Аммо ба иттилои ҳарду канал, ки бо мавқеи ошкоро бадбинонаашон нисбат ба муҳоҷирон ном баровардаанл, нирӯҳои пулис ҳамагӣ 13 нафарро дастгир кардаанд. Канали «Мигранты: все как есть» мегӯяд, ки занозанӣ дар анбори Wildberries дар Электростал байни коргарон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон рух додаст.
 “Сабаби занозанӣ муноқишаи бригадири ӯзбек бо як зердасти тоҷикаш шудааст – саркор коргарашро “беақл” номида, барои каҷ часпондани штрих-кодҳо ҷанҷолаш кардааст. Байни онҳо баҳси лафзӣ бархоста, ба занозанӣ печидааст ва сипас ба муноқиша аз ҳарду тараф дигарон ҳамроҳ шуда, рафҳои пур аз борро чаппа кардаанд. Дар умум ин ҳама ба занозании бузурге бо иштироки беш аз 100 нафар печид. Посбонони анбор, ки онҳо низ шатта хӯрданд, ҳамаи иштирокчиёни занозаниро дар дохили анбори бузуг маҳкам карда, то омадани пулис сар надод”, - хабар медиҳад ин  канал.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.