расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИШТИБОҲИ ЗЕЛЕНСКИЙ Ё..? БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ЗАЛУЖНИЙ АЗ МАҚОМИ ФАРМОНДЕҲИ АРТИШИ УКРАИНА (ВСУ)

Асосӣ / Ҷаҳон

ИШТИБОҲИ ЗЕЛЕНСКИЙ Ё..? БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ЗАЛУЖНИЙ АЗ МАҚОМИ ФАРМОНДЕҲИ АРТИШИ УКРАИНА (ВСУ)

ИШТИБОҲИ ЗЕЛЕНСКИЙ Ё..? БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ЗАЛУЖНИЙ АЗ МАҚОМИ ФАРМОНДЕҲИ АРТИШИ УКРАИНА (ВСУ)
Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 7-уми феврали соли 2024 дар суханронии телевизионии худ дар 715-умин рӯзи ҷанг бо Русия эълон кард, ки ӯ фармондеҳи артиши Украина (ВСУ) генерал Валерий Залужнийро аз вазифа сабукдӯш кардааст. Барканории генерали дар байни мардум ва ҳарбиёни украинӣ обрӯманд дар остонаи солгарди дуюми ҷанги пурқурбониву харобиовари Русия ба зидди Украина ва дар пасманзари сарусадоҳо дар бораи ихтилофи назари байни президент Зеленский ва генерал Залужний ва ҳатто рашки сиёсии президент ба генерали аршадаш сурат гирифт.
Ҳангоме ки Зеленский барканории Залужнийро эълон мекард, ӯ ба чандин нуктаи заъфи артиш ишора намуда, ёдовар шуд, ки соли гузашта "артиш дар ҳамлаи ҷавобии тобистонӣ дар ҷабҳаи ҷанубӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ гардид".  Зеленский афзуд, ки ба ҷои Залужний ӯ фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард, генерал-полковник Александр Сирскийро фармондеҳи ВСУ таъйин кардааст.
Ба гуфтаи президенти Украина, маҳз генерал Сирский нақшаи амалиёти мудофиаи Киевро тарҳрезӣ карда,малакаи худро дар рафти амалиёти озодсозии Харков ба намоиш гузошта буд.
Бинои ба гуфтаи Зеленский, ӯ пеш аз суханронии худ бо Залужний сӯҳбат дошт ва аз генерал хостааст, ки "дар оянда низ дар тими ӯ боқӣ бимонад".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.