расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НАХУСТИН МУСОҲИБАИ ПУТИН БО ЖУРНАЛИСТИ ҒАРБӢ БАЪДИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА

Асосӣ / Ҷаҳон

НАХУСТИН МУСОҲИБАИ ПУТИН БО ЖУРНАЛИСТИ ҒАРБӢ БАЪДИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА

НАХУСТИН МУСОҲИБАИ ПУТИН БО ЖУРНАЛИСТИ ҒАРБӢ БАЪДИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА
Такер Карлсон, муҷрии собиқи шабакаи телевизионии "FOX News", мусоҳибаи чолишбарангезаш бо раисҷумҳури Русия Владимир Путинро шаби панҷшанбе 8-уми феврали соли 2024 дар сомонаи шахсии ӯ ва дар саҳифааш дар шабакаи "X” (собиқ "Twitter" ) нашр кард. Алакай дар байни чанд соати аввал ва танҳо дар шабакаи “Х” ин мусоҳибаро 75 миллион нафар тамошо кардаанд. Мусоҳиба дар умум 2 соату 7 дақиқа давом ёфта, дар ин муддат Карлсон ба Путин ҳамагӣ 7 суол дод. Путин дар навбати худ ба пурсишҳои Карлсон хеле ҷавобҳои тӯлонӣ дод. Ин аввалин мусоҳибаи Путин бо як рӯзноманигори ғарбӣ пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина аз феврали соли 2022 буд. Эҳсос мешуд, ки Путин хеле мехоҳад дилашро ба касе холӣ кунад ва аз ин рӯ, мусоҳиба амалан ба монологи тӯлонии дусоатаи ӯ табдил ёфт.
Путин дар ҳудуди ним соат дар бораи таърихи шарқи Аврупо ва ташкилёбии Русия дар қарни нӯҳуми мелодӣ муфассал суҳбат кард. Ҳамчунин бо овардани чандин "факту санади тахрихӣ ва амниятӣ" ҳамла ба хоки Украинаро низ  тавҷеҳ карданӣ шуд. Аз ҷумла дар мавриди ҷанг бо Украина Путин гуфт, ки “ба ҳадафҳои гузоштаи худ нарасидааст". Ҳадафи асосӣ, "денатсификатсия", ба бовари Путин, то ҳол ҷомаи амал напӯшидааст. Тақсири ба ин ҳадафи худ нарасиданашро гуноҳи Зеленский номид ва ӯро барои пуштибонӣ ва ҳимояи идеологияи фашизм сарзаниш кард.
Дар масъалаи пеш нарафтани гуфтушунидҳои сулҳ байн Русия ва Украина, Путин сарвазири собиқи Британияи Кабир, Борис Ҷонсонро муттаҳам кард. Ӯ ёдовар шуд, ки дар "нишасти Истанбул" ҷонибҳо барои расидан ба сулҳ қариб наздик шуда буданд, вале Ҷонсон гӯё аз Украина хостааст, ки ба ҷанг идома диҳад. Дар натиҷа Зеленский фармон дар бораи манъи музокирот бо Русияро имзо кард...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.