расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПИРӮЗИИ МУТЛАҚИ ИЛҲОМ АЛИЕВ ДАР НАХУСТИН ИНТИХОБОТИ БАЪДИ БА ДАСТИ ОЗАРБОЙҶОН БАРГАШТАНИ ВИЛОЯТИ ҚАРОБОҒ

Асосӣ / Ҷаҳон

ПИРӮЗИИ МУТЛАҚИ ИЛҲОМ АЛИЕВ ДАР НАХУСТИН ИНТИХОБОТИ БАЪДИ БА ДАСТИ ОЗАРБОЙҶОН БАРГАШТАНИ ВИЛОЯТИ ҚАРОБОҒ

ПИРӮЗИИ МУТЛАҚИ ИЛҲОМ АЛИЕВ ДАР НАХУСТИН ИНТИХОБОТИ БАЪДИ БА ДАСТИ ОЗАРБОЙҶОН БАРГАШТАНИ ВИЛОЯТИ ҚАРОБОҒ 
Рӯзи 7-уми феврали соли 2024 дар Озарбойҷон, як ҷумҳурии собиқи Шӯравии воқеъ дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ, интихоботи президентии пеш аз муҳлат ва амалан бидуни рақобат баргузор гардид, ки бино ба натиҷаҳои расмии эълоншуда, раисҷумҳури кунунӣ Илҳом Алиеви 62-сола бо касби зиёда аз 92% овозҳо  ғолиби интихобот ва инак барои бори панҷум президенти ин кишвари саршор аз конҳои нафту газ эълон шуд.
Илҳом Алиев 92,05 фоиз ва номзаде, ки ҷои дуюмро гирифт, Зоҳид Оруҷ ҳамагӣ 2,19% овоз гирифтааст. Ҳамин тавр боқимонда "рақибони" Алиев дар ба даст овардани курсии президентӣ, Фозил Мустафо 2%, Қудрат Ҳасангулиев 1,76%, Розӣ Нуралиев 0,8%, Элшод Мӯсоев 0,67% ва Фуод Алиев 0,53% раъй гирифта, дар "рақобат" шикаст хӯрдаанд.
Вале мухолифони Алиев иштирок дар интихоботро таҳрим намуда, ин интихоботро "масхара" ва "театр" номиданд. Чун дар рафти барномаҳои пешазинтихоботӣ ҳамаи номзадҳои зикршуда аз интиқоди Илҳом Алиев худдорӣ намуда, ҳатто ба таърифу тавсифи ӯ машғул шуданд. 
Ин нахустин интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон баъди вилояти Кӯҳистони Қаробоғро аз дасти ҷудоиталабони арманӣ пас гирифтани артиши ин кишвар буд ва нозирони мустақил мегуфтанд, ки баъди ин пирӯзӣ рейтинги Илҳом Алиевдар чашми мардумаш он қадар боло рафта буд, ки ҳатто агар интихоботи дар воқеъ пуррақобату озод ҳам барпо мекард, ягон номзади дигар дар муқобили ӯ шанси ғалаба надошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.