расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ 24 ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЧЕЛЯБИНСК ҲАМЧУН АЪЗОИ НАРКОМАФИЯ

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ 24 ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЧЕЛЯБИНСК ҲАМЧУН АЪЗОИ НАРКОМАФИЯ

БОЗДОШТИ 24 ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЧЕЛЯБИНСК ҲАМЧУН АЪЗОИ НАРКОМАФИЯ 
Пулиси вилояти Челябински Русия аз боздошти 24 зодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, мусодираи 5 кило ҳероину метадон ба маблағи 15 миллион рубл аз аъзои ин наркомафия ва таҳти ҷустуҷӯ қарор додани наркобарони асосӣ ва ду шарики дигараш хабар дод. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки афроди муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддирро бо кумаки нирӯҳои мусаллаҳи Росгвардия дастгир кардаанд. Аммо манзиле, ки онҳоро дастгир карданд, аз қасри наркобаронҳо дида, бештар ба як хобгоҳи оддии муҳоҷирон шабоҳат дошт.
Худи дастгиршудагон ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи пулис, аъзои ин гуруҳ дар дастикам 75 ҷинояти марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд. Ба иттилои тафтишот, роҳбари ин наркомафия, ки номаш нашр нашудааст, аз хориҷи Русия корҳои зердастони худро назорат ва ҳамоҳанг мкард. Ӯ аз ҷумла манбаъҳои ба даст овардан ва фурӯши маводи мухаддирро пайдо мекард ва баъди ба фурӯш задани маводи мухаддир фоидаи бадастомадаро байни зердастонаш тақсим мекард. Гуфта мешавад, сохтори дохили ин гуруҳи қочоқбар мисли як корхона муназзам шуда буд ва дар он бархе ҳамчун “мудирони шуъбаҳо”, бархе ба ҳайси “оператор”, “куратор”, “интиқолдиҳандаи маводи мухаддир байни минтақаҳои гуногун”, “анбордор”, “закладчик” ифои вазифа мекарданд ва ин наркомафия ҳатто “менеҷерҳо оид ба масъалаҳои кадрӣ” ҳам доштааст, ки вазифаашон ҷалби аъзои нав барои паҳн кардани маводи мухаддир будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.