расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НАҶОТИ 68 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ БАРФУ БӮРОН ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН

Асосӣ / Муҳоҷир

НАҶОТИ 68 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ БАРФУ БӮРОН ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН

НАҶОТИ 68 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ БАРФУ БӮРОН ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН 
Шаби 6 ба 7 феврали соли 2024 як автобус бо 68 мусофир, ааз ҷумла 14 зан ва 4 кӯдак, – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон – дар роҳи сафар аз Тоҷикистон ба Русия дар ними роҳ дар наздикии деҳаи Оқҷар дар ноҳияи Хромтау дар вилояти Оқтеппа дар шимоли Қазоқистон дармонд. Ба кумаки мусофирони дар ҳавои бӯронӣ дар роҳ дармонда кормандони пулиси вилояти Оқтеппа ва ҳокими ҷамоати Оқчар расида, мусофиронро ба як макони гарм интиқол додаанд. Ерболат Сарқулов, сардори дафтари матбуоти департаменти пулиси вилояти Оқтеппа гуфт: "Автобуси бо мусофиронаш дар шоҳроҳи Самара – Шимкент дармондаро шаби 6 ба 7 феврал кормандони ротаи пулиси пайроҳагардии вилояти Оқтеппа ҳангоми навбатдорӣ, ки ин шабу рӯз ба далели обу ҳавои номусоид шадидтар карда шудааст, пайдо карданд. Маълум шуд, ки автобусе, ки мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия мебурд, ба сабаби нуқсони фаннӣ дар наздикии деҳаи Оқҷари ноҳияи Хромтау аз роҳ мондааст”.
Сарқулов ҳамчунин гуфт, ки кормандони пулис ҳамроҳи раиси ҷамоати Оқҷар беш аз 2 соатро сарф карда, 68 мусофирро аз автобус бо нирӯи худ ба як кемпинги воқеъ дар масофаи 3 километр аз ҷои ҳодиса интиқол додаанд. Дар он ҷо мусофирони тоҷикро бо ҷои гарму хӯроки гарм таъмин кардаанд. Хушбахтона, касе аз муҳоҷирони тоҷик ба ёрии тиббӣ ниёз надошт. Дар видеои нашркардаи пулис дида мешавад, ки кӯчондани мусофирон дар шароити бӯрони хеле сахт сурат мегирад. Суръату боду барф чунон тунд аст, ки мусофирон ва ҳатто кормандони пулис бо азоб қадам мемонданд. Ин шаби рӯз дар вилояти Оқтеппа сармои сахти бӯронӣ ҳукмфармост.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.