расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАОР ба “Сомон Эйр” ҷиҳати харидории ду Boeing 100 млн доллар медиҳад

Асосӣ / Иқтисодиёт

БАОР ба “Сомон Эйр” ҷиҳати харидории ду Boeing 100 млн доллар медиҳад

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рӯйи масъалаи маблағгузорӣ ба ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҷиҳати харидории ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737 кор мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар хадамоти матбуоти ин ниҳоди молиявии минтақавӣ хабар доданд.

Имкони парки авиатсионӣ зиёд шуда, ба самтҳои Анталия, Шарм-ул Шайх, Тифлис, Париж ва ҳатто Ню-Йорк хатсайрҳо ҷорӣ мешаванд.

“Мувофиқи нақшаи ширкати ҳавопаймоӣ оид ба зиёд кардани парки авиатсионӣ, ду навъи ҳавопаймоҳои зикршуда бояд соли 2024 харида шаванд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, айни замон парвозҳо тариқи хатсайрҳои асосӣ аз ҷониби “Сомон Эйр” бо 6 ҳавопаймои тамғаҳои гуногуни Boeing 737 иҷро карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки мутобиқи стратегияи рушд ҳам зиёд кардани парки авиатсионӣ ва ҳам ҷуғрофияи парвозҳо ба нақша гирифта шудааст.
“Айни замон мо имкони харидорииҳавопаймоҳоро бо истифода аз лизинги молиявӣ ва амалиётӣ баррасӣ мекунем. Дар мавриди харидории ду ҳавопаймои Boeing 737 бо Бонки авруосиёии рушд ҳамкории зич дорем ва ба БАОР барои эътимод ва ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ мекунем”, - таъкид доштанд дар хадамоти матбуоти “Сомон Эйр”.

Ҷуғрофияи парвозҳо васеъ мешавад

То соли 2026 васеъ шудани ҷуғрофияи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” аз ҳисоби роҳандозии хатсайрҳои зерин дар назар аст:    
соли 2024 аз Хуҷанд - ба Ҷидда, Дубай, Урумчи ва Истанбул;
соли 2024 аз Душанбе - ба Анталия, Ар-Риёз, Шарм-ул-Шайх,
соли 2025 - ба Сеул, Франкфурт, Амстердам, Гуанчжоу, Тифлис (Тбилиси), Машҳад, Париж, Бангкок,
соли 2026 - ба Ню-Йорк, Лондон, Пекин, Мадрид, Вена, Тел-Авив, Киев, Милан, Торонто, Варшава.
“Сомон Эйр” ягона ширкати амалкунандаи ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад.
Ширкати ҳавопаймоии давлатӣ - “Тоҷик Эйр” бо сабаби мушкилоти молиявӣ айни замон кор намекунад.
Аз соли 2020 дар ширкати “Сомон Эйр” афзоиши ҳамлу нақли мусофирон ба мушоҳида мерасад, ки дар соли 2023 (782 ҳазор нафар) аз соли токовидии 2019 (676 ҳазор нафар) зиёдтар шуд.
Дар бозори мусофиркашонии ҳавоии Тоҷикистон ҳамчунин 0 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, аз ҷумла 5 ширкати Русия - "Ют Эйр", "Уральские авиалинии", "Северный ветер", "Сибирь-S7" ва "Ямал", ширкатҳо аз Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Эрон низ кор мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.