расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАСОНАҲО: ӮЗБЕКИСТОН САФОРАТИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОШКАНДРО БА НАМОЯНДАИ ТОЛИБОН СУПУРД

Асосӣ / Ҷаҳон

РАСОНАҲО: ӮЗБЕКИСТОН САФОРАТИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОШКАНДРО БА НАМОЯНДАИ ТОЛИБОН СУПУРД

РАСОНАҲО: ӮЗБЕКИСТОН САФОРАТИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОШКАНДРО БА НАМОЯНДАИ ТОЛИБОН СУПУРД
 Хабаргузории исломии Афғонистон (AIР, Afghan Islamic Press)  ва хабаргузории русии “Спутник Афғонистон”  бо такя ба манобеи худ дар Кобул хабар доданд, ки рӯзи 4 феврали соли 2024 сафорати Афғонистон дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон расман ба дасти сафири нави аз ҷониби режими ҳаракати тундрави Толибон фиристодашуда супурда шуд.  Мақомоти Ӯзбекистон ва намояндагони Толибон то ҳол расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд, вале ин ду расона хабар доданд, ки “Аморати исломии Афғонистон”, ки Толибон режими худро чунин меноманд, ба Тошканд намояндагонашро фиристодааст ва рӯзи 4 феврал маросими ба кормандони сафорат муаррифӣ кардани сафири нав доир шудааст.
Радиои Озодлик хабар дод, ки вазорати хориҷаи ин ба ном “Аморати исломӣ” ҳанӯз ним сол қабл Мавлавӣ Мағфуруллоҳ Шаҳобро, ки дар он вазорат ба ҳайси муовини раҳбари идораи сиёсӣ кор мекард, ҳамчун намояндаи ҷадиди худ ба Тошканд фиристода, баъдан ба мақоми сафири Афғонистон дар Ӯзбекистон таъйин кардааст. Рӯзи 4 феврал бошад Мавлавӣ Мағфуруллоҳ Шаҳобро ба унвони сафири нав ба кормандони сафорат муаррифӣ кардаанд. Мавлавӣ Мағфуруллоҳ Шаҳоб – писари Мавлавӣ Шаҳобуддин Диловар аст, ки дар ҳукумати сохтаи Толибон мқоми вазири маъодин ва нафтро дар даст дорад.
Толибон қаблан иддао карданд, ки алакай дар 17 кишвар дипломатҳои худро ҷобаҷо кардаанд. Дар байни кишварҳое, ки сафоратхонаҳои Афғонистонро ба дасти Толибон супурданд, Хитой, Русия ва Эрон низ ҳаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.