расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФУТБОЛБОЗОНИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ДИДОРИ МУХЛИСИ 5-СОЛААШОН БА ҲИСОР ОМАДАНД

Асосӣ / Варзиш

ФУТБОЛБОЗОНИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ДИДОРИ МУХЛИСИ 5-СОЛААШОН БА ҲИСОР ОМАДАНД

ФУТБОЛБОЗОНИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ДИДОРИ МУХЛИСИ 5-СОЛААШОН БА ҲИСОР ОМАДАНД 
Футболбозони тими миллии Тоҷикистон рӯзи 5 феврали соли 2024  аз Душанбе ба деҳаи Белайдуз дар канори шаҳри Ҳисор омаданд, то шахсан ба мухлиси панҷсолаашон Муҳаммадамин Камолов изҳори сипос кунанд. Видеои гиряи зори ин кӯдак баъди шикасти тими миллии Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё -2023  дар Қатар дар байни ҳаиагӣ чанд рӯз дар Интернет садҳо ҳазор тамошобин ҷамъ овард.
Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи 5 феврал барои дидор бо ин мухлиси содиқи тими миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ду ситораи асосии тими яккачин Алишер Ҷалилов ва Рустам Ятимов, ки ӯро мутахассисони зиёде ҳанӯз Ҷоми Осиё -2023 ба охир норасида ва бо вуҷуди аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шудани тими Тоҷикистон боз ҳам беҳтарин дарвозабони ин мусобиқот меноманд, ба деҳаи Белайдуз ба хонаи Камоловҳо омаданд.   Муҳаммадамин футболбозони маҳбубашро гулдаста дар даст пешвоз гирифт ва Алишер Ҷалилов ва Рустам Ятимов ба навбати худ барои мухлиси хурдсол футболкаи тими миллиро бо рақами 10, ки дар пушташ ба шарафи Муҳаммадамин “Камолов” навишта шудааст, туҳфа оварданд.
Баъди бохти Тоҷикистон аз Урдун Муҳаммадамини панҷсола ончунон зор гирист, ки  аҳли хонавода сабташ карданд ва дар Интернет гузоштанд. Дар ин сабт аз кӯдак сабаби гиряашро мепурсанд ва ӯ ҷавоб медиҳад, ки “Охир, Тоҷикистон бой дод...”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.