расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Генерал-майор ва аълочии милитсия. Сардори нави Раёсати ВКД дар Бадахшон кист?

Асосӣ / Сиёсат

Генерал-майор ва аълочии милитсия. Сардори нави Раёсати ВКД дар Бадахшон кист?

Охири ҳафтаи гузашта, дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сардори нав таъин шуд. Ба ин курси генерал-майори милитсия Рустам Шафизодаи 54-сола таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Шариф Назарзодаи 58-соларо, ки чанд ҳафта пеш сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гардид, иваз кард.
Шариф Назарзода камтар аз 2 сол дар мақомои сардори Раёсати ВКД дар ВКМБ кор кард. Ӯ моҳи феврали соли 2022 ба ин мансаб таъин шуд. Аз ин пештар ӯ ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар Душанбе ва Суғд кор кардааст.
Дар муқоиса бо сардори пешини Раёсати ВКД дар ВМКБ, Рустам Шафизода нисбатан кадрӣ барои матбуот ношинос аст. Ӯ то таъин шудан ба ин мансаб муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд кор мекард.
Вай мутаваллиди соли 1970 буда, маълумоташ олии иқтисодӣ, олии ҳуқуқӣ ва хатмкардаи факултети №1-и Академияи ВКД барои ҳайати роҳбарикунанда мебошад.
Тавре аз тарҷумаи ҳолаш, ки сомонаи ВКД нашр кардааст, дида мешавад, Шафизода тарҷибаи 30-солаи фаъолият дар мақомоти қудратиро дорад. Ӯ корро дар ин мақом 1-уми январи соли 1993 оғоз карда, аз корманди одии мақомот то сардори раёсати ВКД расидааст.
Номбурда корро ҳамчун ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бохтар оғоз карда, баъдан ҳамчун ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ин раёсат дар вилояти Хатлон, муовини сардори шуъбаи ВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон ва сардори шуъбаи ВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон кор кардааст. Вале соли фаъолияти ӯ дар ин мақомҳо гуфта намешавад.
Шафизода ҳамчунин сардори милитсияи чанде аз навоҳии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ва роҳбари яке аз раёсатҳои муҳими ВКД низ кор кардааст. Аз ҷумла, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияҳои Шаҳритузу Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
Ӯ ҳамчунин, сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт будааст.
Дар дастгоҳи марказии ВКД ӯ ҳамчун, сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ кор кардааст.
То таъин гардидан ба мансаби сардори Раёсати ВКД дар ВКМБ, муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд буд.
Сомонаи ВКД аз Шафизода як кадрӣ ҳирфаӣ ном бурда, навиштааст, ки ӯ “аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳод барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо мукофотонида шудааст”.
Ёдовар мешавем, ки сабаби барканорӣ ва таъини сардори нави Раёсати ВКД дар ВКМБ, интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори мақомоти қудратии вилояти Хатлон мебошад. Ӯ дар як ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар гуфт, роҳбарони мақомоти қудратии вилоят дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.
Раисҷумҳур дар ин ҷаласа супориш дод, ки роҳбарони мақомоти қудратии вилоят, аз ҷумла, сардори Раёсатии ВКД дар вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва чанде аз сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии ВКД, аз вазифа озод шаванд.
Ҳамин тариқ, давоми чанд ҳафтаи охир тағйирот дар мақомоти қудратӣ, аз ҷумла ВКД оғоз шуд ва генерал Шарифзода сардори нави Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ба ҷои ӯ Шафизода сардори нави Раёсати ВКД дар ВМКБ таъин шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.