расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШИРФУРӮШ ОДАМИ ДОИШ БУДААСТ... НАШРИ АКСУ НОМИ ҲАМЛАГАРОН БА КАЛИСО ДАР ИСТАНБУЛ. ЯКЕАШ ТОҶИК АСТ – АМИРҶОН ХОЛИҚОВ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ШИРФУРӮШ ОДАМИ ДОИШ БУДААСТ... НАШРИ АКСУ НОМИ ҲАМЛАГАРОН БА КАЛИСО ДАР ИСТАНБУЛ. ЯКЕАШ ТОҶИК АСТ – АМИРҶОН ХОЛИҚОВ

ШИРФУРӮШ ОДАМИ ДОИШ БУДААСТ... НАШРИ АКСУ НОМИ ҲАМЛАГАРОН БА КАЛИСО ДАР ИСТАНБУЛ. ЯКЕАШ ТОҶИК АСТ – АМИРҶОН ХОЛИҚОВ
Вазири адлияи Туркия Йилмаз Тунч шаби ҷумъа, 2 феврали соли 2024 дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хабар дод, ки дар робита ба ҳамлаи хунин ба калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул 25 нафар, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон Амирҷон Холиқов ва шаҳрванди Русия Давид Тандуев ба ҳабс гирифта шуданд.
Қаблан ҳам ду зодаи Тоҷикистону Русия ҳамчун муттаҳамони асосӣ дар ҳамла ба калисои Истанбул ном бурда мешуд, вале вазири адлияи Туркия нахустин шуда номи комили ҳарду муттаҳами асосиро нашр кард. Дар умум, дар чорчӯби ин парванда 60 нафар дастгир шуданд. 26 нафари онҳоро аз Туркия алакай ихроҷ кардаанд. Тоҷикони муқими Истанбул мегӯянд, аксари ҳабсшудагону ихроҷшудагон зодагони Тоҷикистонанд. Аз ҷумла шумори зиёде аз тоҷиконро ҳамони рӯзи анҷоми ҳамла, 28 январ дар манзиле дастгир карданд, ки аз бахти бадашон Амирҷон Холиқов из дар ҳамон манзил бо онҳо якҷо иҷора менишаст. 
Halk TV дар бораи баёноти боз як тоҷикистонии дигари дар чорчӯби ин парванда дастгиршуда нукоти ҷолиберо нашр кардааст. Ба иттилои нашрия, Абдулмусайир Гулбоев 46 сол дошта, иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст ва аз соли 2006 дар Туркия ба сар мебарад. Баъди боздошташ Абдулмусайир Гулбоев дар бораи ду ҳамватани худ баёнот додааст. Яке аз онҳо бо номи Дилбаршо Рустамов, ба гуфтаи Гулбоев, гӯё як пистолет харида буд, вале онро қабл аз боздошташ дар як ҷангал дар минтақаи Каёшаҳри Истанбул пинҳон кардааст. Нафари дуюме, ки муфаттишон аз Гулбоев дар борааш пурсидаанд, Абдулкарим Абдуллоҳ ном дошта, дар байни ҷангҷӯён бо лақаб Билол маъруф будааст. Ӯро дар вақташ нирӯҳои Амрико дар Афғонистон дастгир карда, як сол дар ҳабс нигоҳ доштаанд, вале аз Тоҷикистон буданашро исбот карда натавониста, маҷбур шудаанд, ки ҳамчун афғон ҷавобаш диҳанд. Гулбоев гуфтааст, гӯё Абдулкарим Абдуллоҳ 4 автомати Калашникови навъи АК-47, 40 магазин ва чандин пистолет дорад.
Гулбоев ба муфаттишон ҳамчунин дар бораи як зодаи Озарбойҷон бо лақаи Анас маълумот додааст. Бино ба баёноти Абдулмусайир Гулбоев, Анас дар ноҳияи Пандиқи Истанбул ширфурӯш буд, вале дар асл як муҳраи муҳими созмони террористии ДОИШ ба шумор меравад ва амру дастурҳои роҳбарони ДОИШ ва ҳамин тавр, пулу васоил барои анҷоми амалиётҳои он дар Истанбул фиристода мешуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.