расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО БО 450 ҲАЗОР ДОЛЛАР ҚАДРДОНӢ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО БО 450 ҲАЗОР ДОЛЛАР ҚАДРДОНӢ КАРДААСТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО БО 450 ҲАЗОР ДОЛЛАР ҚАДРДОНӢ КАРДААСТ
Шаҳрдории Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ тими миллии Тоҷикистонро барои ҳунарнамоии бомуваффақияташ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар алакай бо 450 ҳазор доллар қадрдонӣ карда, барои баромадан ба нимфинал ба футболбозони тоҷик боз 200 ҳазор доллар ҷоизаи дигар ваъда додааст.
Гуфта мешавад, баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармони Рустам Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд. 
“Дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард”, гуфта мешавад дар иттилоияи шаҳрдории Душанбе ва афзуда шудааст, ки “ҳамчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад”.
 Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди бесобиқаеро дар таърихи варзиши кишвар ба номи худ сабт кард. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Тоҷикистон рӯзи 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад. Бори охирин тими Тоҷикистон бо Урдун моҳи сентябри соли 2023 бозӣ карда буд. Он рақобат бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт ва он голи дилрешккунандаро тими Тоҷикистон дар лаҳзаҳои охирин сар дод. Ҳам мухлисон ва ҳам мутахассисон бар инанд, ки тими Тоҷикистон имкони ғалаба бар Урдунро дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.