расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ноҳияи Панҷ: заминҳои наздиҳавлигии сокинон зери обу лойқа монданд

Асосӣ / Ҳаводис

Ноҳияи Панҷ: заминҳои наздиҳавлигии сокинон зери обу лойқа монданд

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷамоати деҳоти Намуна сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.
Ҳамчунин дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, деҳаи Пахтакор ба 10 хона ва 33 заминҳои наздиҳавлигӣ, дар маҷмуъ ба 36,6 га заминҳои хоҷагии деҳқонӣ обу лойқа даромада, қисман зарар расонидааст.
Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Озодагон сатҳи оби канали Келенчи-2 баланд гардида, дар натиҷа ба 2 хонаи истиқоматӣ ва дар маҳаллаи  Қушқия ба 6 хонаи истиқоматӣ ва 2 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа ворид карда, қисман зарар расонидааст

Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумита фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида ва ёриҳои эҳтимолӣ ба зарардидагонро мушаххас мекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, ин селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 4 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид дар назар буда, болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва ҳодисаҳои тармафароиву сел аз эҳтимол дур нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.