9 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР ГРАН ПРИИ ПОРТУГАЛИЯ ИШТИРОК МЕКУНАНД
9 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР ГРАН ПРИИ ПОРТУГАЛИЯ ИШТИРОК МЕКУНАНД
Рӯзи 26 январи соли 2024 дар шаҳри Одивелас, воқеъ дар канораҳои шимолии Лисабон, пойтахти кишвари аврупоии Португалия мавсими имсолаи мусобиқаҳои гуштини дзюдо (ҷудо) бо мусобиқаи ҷаҳонии Grand Prix Portugаl 2024 оғоз мешавад. Дар ин мусобиқот, ки бо иштироки 640 варзишгар аз 92 кишвар то 28 январ идома меёбанд, 9 паҳлавони тоҷик: 8 мард ва як духтар иштирок мекунанд.
-52кг — Аҳлия Муъминова
-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-60кг – Мехрзод Суфиев
-73кг – Маҳмадшариф Наҷмиддинов
-81кг – Абдуҷалилзода Муҳаммадҷон
-90кг – Комроншоҳ Устопириён
-90кг - Раҷабов Умедҷон
-100кг – Анварзода Эмомризо
-100кг – Абубакри Акобир
Гуштини ҷудо аз ангуштшумор риштаҳои варзиш аст, ки паҳлавонони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои нисбатан беҳтар ноил шудаанд. Соли 2023 дар даҳгонаи беҳтарин варзишгарони соли Тоҷикистон низ аксариятро намояндагони гуштини ҷудо ба даст оварданд.