расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАИСИ ДОДГОҲИ НОҲИЯИ ПАНҶ БО 122 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА БА ДАСТ АФТОДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

РАИСИ ДОДГОҲИ НОҲИЯИ ПАНҶ БО 122 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА БА ДАСТ АФТОДААСТ

РАИСИ ДОДГОҲИ НОҲИЯИ ПАНҶ БО 122 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА БА ДАСТ АФТОДААСТ
Раиси додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҷониби раёсати вилоятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст. Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора рӯзи 26 январи соли 2024 сомонаи “Фараж” хабар дод. 
Ба иттилои манбаи нашрия дар Агентии мубориза бо коррупсия, боздошти раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Б. С. нисфирӯзии 25-уми январ дар утоқи кориаш ба вуқуъ пайвастааст. “Ӯро шаб дар боздоштгоҳи раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нигоҳ дошта, субҳи 26 январ ба шаҳри Душанбе интиқол доданд”, – гуфтаст ин манбаъ.
Агентӣ кирдорҳои Абдураҳмонзодаро бо моддаҳои “Гирифтани пора” (319 қ.3) ва “Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” (314 қ.2)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.