расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?

Асосӣ / Дин

Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?

Танҳо соли 2023  масъулони Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Суғд якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ аз фурӯши адабиёти мамнӯъ ва хусусияти  экстремистидошта 40 маротиба санҷиш гузаронида, беш аз 200 адабиёт ошкор кардаанд.
Ба гуфтаи Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси пешбари Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Суғд, ин санҷишҳо бештар дар минтақаҳое, ки дӯконҳои китобфурушӣ мавҷуданд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ашт гузаронида шуда, нисбати фурӯшандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар моддаи 22 қонун  “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” муқаррар шудааст, ки ҳангоми воридоти адабиёти динӣ онҳо бояд ҳатман аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаранд. Аммо на ҳамаи фурӯшандагон ҳангоми ворид кардани чунин адабиёт ба ҳудуди Тоҷикистон  онҳоро аз ташхис гузарондаанд.
Масъулин мегӯянд, барои гузаштани чунин ташхис асосҳои ҷиддӣ ва баъзан ташвишовар вуҷуд дорад. Масалан, дар як китобе, ки дар асоси ҳадисҳои саҳеҳ таҳия шудааст, вақти ташхис як саҳифа унсурҳои экстремистӣ ошкор гардидааст.
Меҳрафкан Мирзоҳофизиён
“Ба қаламрави вилояти Суғд адабиёти динӣ бештар аз Ӯзбекистон ворид мешаванд. Дар баъзе маврид муҳоҷирон аз Русия бо худ меоранд. Шояд ин китобҳо аз ташхиси диншиносии Ӯзбекистон ва Русия гузаштаанд, аммо ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин тамом. Зеро қонунгузории мо фарқ мекунад.  Ҳатто адабиёте,  ки ба тиҷорат иртибот дорад, масалан “Дин ва бизнес”, ё ҳар ашёи ҳамин гуна мазмундошта, мисли расм, ашёи ороишию рӯзгор, ки навиштаҷоти динӣ доранд,  бояд аз ташхиси диншиносии Тоҷикистон гузаранд. Дар акси ҳол, воридкунанда тибқи талаботи  моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ (Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъиноти динӣ) ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, - мегӯяд Меҳрафкан Мирзоҳофизиён.
Тартиби чӣ гуна гузаронидани ташхиси давлатии диншиносиро бошад, ба қавли ӯ, қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ”мушаххас кардааст.
Масъулин мегӯянд, ҳама иқдомоти онҳо дар назардошт бо Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин сурат мегирад, ки моҳи апрели соли 2018 ба хотири мушаххассозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бо назардошти манофеи миллӣ қабул гардидааст. Дар ин консепсия гуфта мешавад, ки вуруди бенизоми адабиёти динию мазҳабӣ ва маводи электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ аз ҷониби намояндагони равияву мазҳабҳои навпайдо динӣ ба кишвар нигаронии ҷомеа ва мақомоти давлатиро ба вуҷуд овардааст.
“Ҳолати мазкур метавонад сабаби пеш омадани бенизомии комил дар бозори адабиёти динӣ, паҳн гаштани таълимоти дорои хусусиёти ифротӣ дар байни наврасону ҷавонон ва барангехтани низоъ ва хусумати динӣ дар ҷомеа гардад. Ба танзим даровардани раванди воридот, табъу нашр, интишор, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин ашёву маводи таъиноти динӣ аз ҷумлаи муҳимтарин воситаҳои танзими вазъи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад”, - зикр шудааст дар ин консепсия.
Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, акнун аз харидории китобҳои динӣ тарс пайдо кардаанд.
Каримҷон Султонов, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, зуд - зуд расонаӣ шудани  муҷозоти сокинон вобаста ба таълиму тадриси динӣ, истифодаи адабиёти диниро мушоҳида карда, акнун намедонад кадом китоби диниро харидорӣ кунад.
“Пештар, барои омӯзиши худамон ё фарзандон аз дӯконҳои назди масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва мағозаи Ҳоҷӣ Абдулазиз дар назди бозори “Панҷшанбе” харидорӣ мекардем. Ҳоло танҳо дар назди мағозаи Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳаст, ки на ҳама дар ин бора огоҳанд. Бар илова, барои бо дилпурӣ харидорӣ кардани адабиёт як муаммо вуҷуд дорад: Чӣ хел адабиёти саҳеҳро аз носаҳеҳ фарқ кунем?”, - мепурсад ӯ.
Рустам Азизӣ, коршиноси масоили динӣ, мегӯяд, дар Кумитаи дин шӯъбаи ташхиси адабиёти динӣ ҳаст ва ҳар муаллиф чизе навишт, ё баргардон кард ва он хусусияти динӣ дорад, онро бояд барои ташхиси давлатии диншиносӣ пешниҳод кунад.
Рустам Азизӣ
“Танҳо баъди гирифтани хулосаи мусбати ташхис муаллиф ҳуқуқи ба нашр супурданро дорад ва чопхонаҳо низ баъди дидани хулосаи ташхиси диншиносӣ нашр мекунанд. Дар муқаддимаи китоб, дар саҳифаи аввалаш ҳаст, ки китоби мазкур аз ташхиси давлатии диншиносӣ таҳти кадом рақам ва кадом протокол гузаштааст. Китобҳои воридотӣ руйхат карда мешаванд ва ҳамин ташхисро гузашта,  баъд ба фурӯш иҷозат мешавад”, - зикр мекунад коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш номгӯи рӯйхати адабиёти мамнӯъ дар  сомонаи Кумитаи дин буд, аммо ҳоло бо вуҷуди зиёд шудани номгӯи онҳо, ин рӯйхат дар сомона нест. Дар натиҷа, шаҳрвандон намедонанд, ки кадом адабиёт мамнӯъ аст. Ин ҳам метавонад як мушкили дигар барои одамон ҳангоми харидорӣ ва пайдо кардани адабиёти динӣ гардад, ки масъулин сари он бояд ҷиддӣ андешанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.