расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ БО 65 АСИРИ УКРАИНӢ ДАР ВИЛОЯТИ БЕЛГОРОД

Асосӣ / Ҷаҳон

СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ БО 65 АСИРИ УКРАИНӢ ДАР ВИЛОЯТИ БЕЛГОРОД

СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ БО 65 АСИРИ УКРАИНӢ ДАР ВИЛОЯТИ БЕЛГОРОД 
Рӯзи 24 январи соли 2024, тақрибан соати 11:00 ба вақти Маскав дар канори деҳаи Яблоновои ноҳияи Корочаи вилояти Белгороди Русия, дар фосила тақрибан 50 километр аз марзи Русия бо УКраина, як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии тамғаи Ил 76 суқут кард. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки ин ҳавопаймо 65 асири ҳарбии артиши Украинаро барои табодули асирон ба Белгородо мебурд. Асиронро 3 посбон ва 6 узви экипаж ҳамроҳӣ мекарданд. Волии вилояти Белгород Вячеслав Гладков дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки “ҳамаи онҳое, ки дар ҳавопаймо буданд, ба ҳалокат расидаанд”.
Вазорати дифои Украина изҳор дошт, ки ҳанӯз сарусадоҳо дар бораи аз зарбаи мушаки нирӯҳои украинӣ суқут кардани ҳавопаймои ҳарбии Русияро тасдиқ карда наметавонад.
Дар аввал нашрияи “Украинская правда” бо такя ба манобеаш дар артиши Украина навишт, ки суқути ҳавопаймо “кори онҳост”. Ин манобеъ гуфтаанд, ки ҳавопаймо мушакҳоро барои шабакаҳои мушакии ЗРК С-300 мебурдааст. Нашрияи украинӣ баъдан ин хабарро пок кард ва навишт, ки “манбаи дигари “Украинская правда” ин маълумотро тасдиқ накард”.   “РБК Украина” низ ба дунболи "Украинская правда" хабараш дар бораи аз ҷониби нирӯҳои Украина зада шудани ҳавопаймои ҳарбии Русияро пок кард.
Вакили Думаи давлатӣ Андрей Картополов иддао дорад, ки ҳавопайморо бо 3 мушаки шабакаи мушакии ЗРК задаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ҳавопаймои якум як ҳавопаймои дигар бо 80 асири украинӣ низ парвоз дошт, вале баъди суқути ҳавопаймои якум ин ҳавопаймои дуюмро аз ними роҳ баргардондаанд. Манобеи дигар ин иддаоро ҳанӯз тасдиқ ё рад накардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.