расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР НОВОСИБИРСК ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДУХТАРАШРО АЗ БАЛКОНИ ҚАБАТИ 5-УМ БА ЗАМИН ПАРТОФТААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ДАР НОВОСИБИРСК ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДУХТАРАШРО АЗ БАЛКОНИ ҚАБАТИ 5-УМ БА ЗАМИН ПАРТОФТААСТ

ДАР НОВОСИБИРСК ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДУХТАРАШРО АЗ БАЛКОНИ ҚАБАТИ 5-УМ БА ЗАМИН ПАРТОФТААСТ
Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 19 январи соли 2024 зодаи Тоҷикистон Насруллохӯҷа Мунавварови 44-соларо бо ҷурми дидаю дониста аз балкони қабати панҷуми бино ба замин партофтани духтари 20-солааш ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.  Худи Мунавваров дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ гуноҳро ба гардан нагирифт ва исрор меварзид, ки духтараш дар зиндагии шахсиаш баъди издивоҷ мушкилот дошт ва аз ин рӯ, қасди худкушӣ кардааст. Вале аҳли хонаводааш ба зидди ӯ баёнот доданд ва гуфтанд, ки аз ҳад зиёд машрубот менӯшид ва дар ҳолати мастӣ худро идора карда наметавонист. 
Бино ба фарзияи тафтишот, шаби 7 ба 8 майи соли 2023 Мунавварови 44-сола дар ҳолати мастӣ дар хонаашон духтари 20-солаашро латтукӯб кардааст. Садои доду фарёдро шунида, зани ҳамсоя омадааст, ки духтарро аз зери мушту лагати падараш наҷот диҳад, вале Мунавваров роҳи фирор аз хонаро барои духтараш маҳкам карда, ӯро ба даруни хона тела додааст ва дарро бастааст. Духтар барои наҷот аз мушту лагати падар ба айвон (балкон) гурехтааст ва аз болои девораки айвон (парапет) гузаштааст. Бо ин умед, ки ин кораш шояд падари бадҷаҳлашро аз идомаи бадрафториаш манъ кунад. Аммо Мунавваров омада, аз дастони духтараш доштааст ва ӯро чанд лаҳза дар ҳаво муаллақ нигоҳ дошта, сипас сар додааст. Духтари бечора аз қабати панҷуми бино ба замин афтода, ба сурати мӯъҷизаосо зинда мондааст.
Сабаби муноқишаи падару духтар рӯшан нест, вале ҷомиашиносоне, ки ҳаёти муҳоҷиронро таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, дар оилаҳои муҳоҷирон ба истилоҳ муноқишаҳои байни наслҳо миёни падару модарони дар хонаводаҳои суннатӣ тарбиятёфта ва фарзандони дар Русия ба воя расидаи онҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Фарзандони муҳоҷирон, ба хусус духтаронашон, барои идомаи зиндагӣ дар чорчӯби арзишҳои суннатие, ки падару модар мехоҳанд, майлу рағбати чандоне нишон намедиҳанд ва ин боиси нофаҳмиҳову муноқишаҳо, аз ҷумла бо чунин оқибатҳои талхе, чун дар ин мисоли ахир дар Новосибирск, мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.