расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПИРӮЗИИ ТАЪРИХӢ: ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БОРИ АВВАЛ БА ҲАШТЯКНИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ!

Асосӣ / Варзиш

ПИРӮЗИИ ТАЪРИХӢ: ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БОРИ АВВАЛ БА ҲАШТЯКНИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ!

ПИРӮЗИИ ТАЪРИХӢ: ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БОРИ АВВАЛ БА ҲАШТЯКНИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ! 
Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки бори аввал ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд, дар мусобиқоти Ҷоми Осиё – 2023 дар Қатар боз як қадами таърихӣ гузошт ва бо касби мақоми дуюм дар гуруҳи “А” ба марҳалаи плей-офф роҳ ёфт! Шогирдони Петр Шегрт дар даври сеюм ва ниҳоии мусобиқоти гуруҳӣ дар гуруҳи “А” дар бозӣ бо тими миллии Лубнон, ки шоми 22 январи соли 2024 дар варзишгоҳи “Ҷасим бин Ҳамад” дар шаҳри Давҳа  бо ҳузури қариб 12 ҳазор тамошобин доир шуд, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.
Он ҳам дар ҳоле ки то дақиқаи 80-уми бозӣ ҳисоб ба нафъи тими Лубнон буд ва доварон бо истифода аз низоми VAR ду голи задаи футболбозони тоҷик: голи Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи панҷуми иловашудаи қисми аввали бозӣ ва голи Алишер Ҷалиловро дар дақиқаи 69 ҳисоб накарданд. Дар ин байн тими Лубнон дар дақиқаи 49 тавонист ҳисобро кушояд. Голро Босил Зикриё Ҷиродӣ, нимҳимоятгари сисола аз тими “Бангкок Юнайтед” вориди дарвозаи Рустам Ятимов кард. Дар дақиқаи 80-уми бозӣ билохира ба Парвиз Умарбоев, ки баъдан беҳтарин бозигари ин бозӣ дониста шуд, муяссар гардид, ки ҳисобро дар бозӣ баробар кунад. Аммо нуқтаи ниҳоиро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи якуми вақти иловашуда ба қисми дуюми бозӣ гузошт. Тӯби задаи ӯ ҳисобро 2:1 ба фоидаи Тоҷикистон кард. 
Дар видеоҳои нашркардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дида мешавад, ки аъзои тими миллии Тоҷикистон таҷлили пирӯзии худро дар майдон оғоз карда, сипас дар ҳуҷраи либосивазкунӣ, дар автобус ва дар ниҳоят дар меҳмонхона идома доданд. Сармураббии даста мутахассиси хорвату олмонӣ Петр Шегрт бошад хурсандиву эҳсосоти худро пинҳон карда наметавонист ва такрору батакрор ин шиорро мепартофт ки: “Тоҷикистон, ба пеш!”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.