расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Ҳиндустон бори аввал забони форсӣ дар қатори забонҳои классикӣ дар мактабҳо омӯхта мешавад

Асосӣ / Ҷаҳон

Дар Ҳиндустон бори аввал забони форсӣ дар қатори забонҳои классикӣ дар мактабҳо омӯхта мешавад

Забони форсӣ ба унвони яке аз 9 забони классикӣ ба сиёсати нави маориф дар Ҳиндустон ворид карда мешавад. Ин тасмим аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон баррасӣ шудааст.
Дар ин бора Субраманиам Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар мулоқот бо ҳамтои эрониаш Ҳусейн Амирабдуллоҳиён зикр кардааст.
Ба иттилои хабаргузории “Khaama”, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон гуфтааст, ки “эътирофи забони форсӣ ба унвони як забони классикӣ қадрдонӣ аз мероси ғании забони форсӣ дар сиёсати маорифи Ҳиндустон аст”.
“Ин тасмим робитаҳои мардумӣ ва равобити амиқи фарҳангӣ, адабӣ ва забонии ду миллатро ба ҳам мепайвандад”, - таъкид кардааст Субраманиам Ҷайшанкар.
Ҷайшанкар ҳамчунин дар шабакаи X (собиқ Твиттер) аз сафари дурӯзаи худ ба Эрон бо забони форсӣ ёддошт нашр кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло дар Ҳиндустон 9 забон чун забони расмии классикӣ шинохта шудаанд.
Бояд гуфт, ки қабл аз ба мустамликаи Британия табдил шудани Ҳиндустон, форсӣ забони расмии ин кишвар буд ва баъд аз он тақрибан ҳазор сол чун забони илмиву адабӣ истифода мешавад.
Дар аксар донишгоҳҳои ин кишвар ҳам забони форсӣ тадрис мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои дастрас ҳоло дар Ҳиндустон ҳудуди як миллион нусха дастхат ба ин забон мавҷуд аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.