расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЧОР УЗВИ ЭКИПАЖИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО БА КОБУЛ ОВАРДАНД

Асосӣ / Ҷаҳон

ЧОР УЗВИ ЭКИПАЖИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО БА КОБУЛ ОВАРДАНД

ЧОР УЗВИ ЭКИПАЖИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО БА КОБУЛ ОВАРДАНД
Рӯзи 22 январи соли 2024 чор узви зиндамондаи экипажи ҳавопаймои Falcon 10 аз вилояти Бадахшон дар шимолушарқи Афғонистон ба пойтахти ин кишвар оварда шуданд. Ҳавопаймои  онҳо, ки ба ширкати русии “Атлетик Групп” тааллуқ дошт, шоми шанбе, 20 январ дар ноҳияи Вахони Бадахшон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон суқут кард.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид бо нашри чанд видео  дар саҳифааш дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хабар дод, ки: “Чор узви наҷотёфтаи ҳавопаймои русии дар Бадахшон суқуткардаро ба Кобул оварданд. Наҷотдиҳандагон аз вазоратхонаҳои ҳавонавардӣ ва ҳифзи сиҳҳат ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонданд. Онҳо худро хуб ҳис мекунанд”.
Дар бораи ду мусофири ин ҳавопаймо зану шавҳар Виталий ва Анна Евсюковҳо чизе гуфта нашудааст. Маҳз писари онҳо Анатолий Евсюков, ки молики чандин бозору фурӯшгоҳ дар шаҳри Волгодонски вилояти Ростов дар ҷаануби Русия аст, ин ҳавопайморо барои аз Таиланд ба Русия овардани модараш, ки дар осоишгоҳи Патайяи Таиланд бемор шуд, киро карда буд. Худи Анатолий Евсюковро ба далели набудани ҷойи холӣ ба ин ҳавопаймо нагирифтанд ва ӯ маҷбур шуд, ки бо парвози маъмулӣ ба Русия баргардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.