Футболбозони тоҷик дар даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё!
Мунтахаби Тоҷикистон бори нахуст дар мусобиқаи Ҷоми Осиё иштирок дошта, ба чунин дастоварди арзанда ноил гардид.
Бозии сеюми мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё дар гурӯҳи “А” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон, ки шоми рӯзи 22 январ баргузор шуд, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.
Сурат: КФО
Дар дақиқаи 5-уми иловагии қисми 1-уми бозӣ Шервони Мабатшоев ҳимоятгаронро фиреб дода, тӯбро ба дарвозаи лубнониҳо ворид кард, лекин санҷиши ВАР нишон дод, ки футболбози мо дар ҳолати нобозӣ (офсайд) қарор доштааст ва гол бекор шуд, ҳарчанд ин ҷо шубҳаҳо ҳам буданд.
Сурат: КФО
Бо оғози қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 48-ум футболбози Лубнон Б.Ҷради аз масофаи дур зарба зада, ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 54-ум бошад, футболбози лубнонӣ Ал-Зайн корти сурх гирифта майдонро тарк кард.
Дар дақиқаи 69-ум Алишер Ҷалилов бо зарбаи сахт тӯбро ба дарвозаи мунтахаби Лубнон ворид кард, лекин ин дафъа низ санҷиши ВАР нишон дод, ки футболбози мо дар офсайд қарор доштааст ва гол ҳисоб нашуд.
Дар дақиқаи 79-ум Парвиз Умарбоев аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро хеле моҳирона ва зебо ба дарвозаи лубнонио ворид кард. Ин голро акнун касе бекор карда наметавонист - на довару на ВАР. Ҳисоб мусовӣ - 1:1 шуд.

Дар дақиқаи 1-уми иловагии қисми дуюм (90+1) пас аз партоб ба майдонҷаи ҷаримавӣ футболбози тоҷик Нуриддин Ҳамроқулов низ хеле моҳирона тӯбро бо сараш ба дарвозаи лубнониҳо ворид намуда, ҳисоб 2 бар 1 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон шуд.
Довари бозӣ ба қисми дуюми вохӯрӣ 16 дақиқа (!!) илова кард, шояд барои лубнониҳо, лекин ин кумак накард ва ҳисоб бетағйир монд: Тоҷикистон - Лубнон - 2:1.
Довари бозӣ ба қисми дуюми вохӯрӣ 16 дақиқа (!!) илова кард, шояд барои лубнониҳо, лекин ин кумак накард ва ҳисоб бетағйир монд: Тоҷикистон - Лубнон - 2:1.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон бори нахуст дар мусобиқаи Ҷоми Осиё иштирок дошта, аз зинаи дуюм ба даври 1/8 финалии мусобиқа (плей-офф) роҳ ёфт ва ба чунин дастоварди арзанда ноил гардид.