МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК ДАР ҚАТАР
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК ДАР ҚАТАР
Рӯзи 22 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари давлатиаш ба аморати Қатар дар пойтахти ин кишвари халиҷи Форс, шаҳри Давҳа бо аъзои тими миллии футболи Тоҷикистон мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоташ, Эмомалӣ Раҳмон бо футболбозон пиромуни масоили рушди футбол дар Тоҷикистон, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон суҳбат ва ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу кардааст.
Футболбозон ба навбати худ ба президент футболка бо рақами 1 туҳфа карда, ӯро итминони хотир додаанд, ки барои баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон аз худ дареғ нахоҳанд дошт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол нахустин маротиба дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок менамояд. Ин мусобиқот дар Қатар баргузор мешаванд.
То имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А» ду бозӣ анҷом дода, шомил аст, рақобаташро бо Чин (Хитой) бо ҳисоби 0:0 мусовӣ кард, вале аз тими Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Шоми 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа бо дастаи мунтахаби Лубнон рақобат менамояд. Тоҷикистону Лубнон баъди ду даври аввал ҳарду ҳамагӣ якимтиёзӣ дошта, дар ду зинаи охирини ҷадвали гуруҳи “А” қарор доранд. Тоҷикистон дар сурати пирӯзӣ барои роҳ ёфтан ба марҳалаи баъдии Ҷоми Осиё шонс ба даст меорад. Вале дар сурати бохт ва ҳатто мусовӣ тими Тоҷикистон пеш аз муҳлат Ҷоми Осиёро тарк карда, ба Душанбе бар хоҳад гашт. Сармураббии тими миллӣ Петр Шегрт ба ин далел бозии сарнавиштсоз бо Лубнонро ҳамсанги финали Ҷоми Осиё номида, гуфт, футболбозони тоҷик тамоми талошро хоҳанд кард, то аз ин рақобат бо сари баланду рӯи сурх ва бо пирӯзӣ берун биоянд.