расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ГУЛМУРОДИ САЪДУЛЛО - НАХУСТИН ДОВАРИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023 (6 АКС)

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

ГУЛМУРОДИ САЪДУЛЛО - НАХУСТИН ДОВАРИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023 (6 АКС)

ГУЛМУРОДИ САЪДУЛЛО  - НАХУСТИН ДОВАРИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023 (6 АКС)
Довари 33-солаи ФИФА  Гулмуроди Саъдуллои тоҷик нахустин бозиро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар доварӣ кард. Ӯ нахустин довар аз Тоҷикистон аст, ки бозиҳои Ҷоми Осиёро ҳакамӣ кард.
Гулмуроди Саъдулло дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё бозии дастаҳои мунтахаби Ветнам ва Индонезияро дар чаҳоргонаи «D» ҳакамӣ намуд. Ин дидор рӯзи 19-уми январи соли 2024 дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими Индонезия анҷом ёфт. Дар ин бозӣ Гулмуроди Саъдулло чаҳор корти зард нишон дод: ду корт ба футболбозони Индонезия ва ду корти дигар ба як бозигари ветнамӣ, ки  баъди гирифтани корти зарди дуюм аз майдон хориҷ карда шуд.
Гулмуроди Саъдулло зодаи Ҳисор буда, қаблан ҳамчун дарвозабон чандин сол дар бошгоҳҳои мухталиф, аз ҷумла дар дастаи “Зарафшон” аз шаҳри Панҷакент ҳунарнамоӣ кардааст.  Гулмуроди Саъдуллоро ҳамчун яке аз доварони одили футболи тоҷик тавсиф мекунанд. Масъалаи ҳакамии Гулмуроди Саъдулло дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё -2023 дар Қатар ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз шурӯи ин мусобиқот маълум шуд. Довари ӯзбек Аҳрор Рисқуллоев ба иллати лат хӯрдан дар Ҷоми Осиё -2023 иштирок карда натавонист ва ба ҷои ӯ Гулмуроди Саъдулло барои ҳакамӣ ба Қатар даъват шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.