расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТО КӮЛОБ ҲАМАГӢ 57 КМ МОНДА БУД... СУҚУТИ ЯК ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН

Асосӣ / Муҳоҷир

ТО КӮЛОБ ҲАМАГӢ 57 КМ МОНДА БУД... СУҚУТИ ЯК ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН

ТО КӮЛОБ ҲАМАГӢ 57 КМ МОНДА БУД... СУҚУТИ ЯК ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН
Агентии авиатсионии Русия Росиавиатсия рӯзи 21 январи соли  2024 тасдиқ кард, ки бегоҳии рӯзи 20-уми январ, дар фазои Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҳавопаймои "Falcon 10", ки дар феҳрасти давлатии ҳавопаймоии шаҳрвандии Русия сабти ном шудааст, аз радарҳо ғайб зад ва робита он ҳам қатъ гардид. "Росиавиатсия бо мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос аст. Ҷустуҷӯи ҳавопаймо идома дорад", - омадааст дар хабар.
Бино ба арзёбиҳо, сабаби аз масир хориҷ шудан ва суқути ҳавопаймо нуқсони фаннӣ, эҳтимолан, камбуди сӯзишворӣ шудааст. Бархе манобеъ хабар медиҳанд, ки экипажи Falcon 10  чанд дақиқа қабл аз суқуташ дар бораи кам будани сӯзишвориаш хабар дода, барои фуруди ғайринақшавӣ дар фурудгоҳи Кӯлоб дар ҷанубушарқи Тоҷикистон иҷозат пурсидааст.  Аммо баъди чанде як муҳаррик ва сипас муҳаррики дуюми ҳавопаймо аз кор баромадааст."Соати 17.19 халабон дар бораи аз кор баромадани муҳаррики якум ва соати 17:20 дар бораи аз кор мондани муҳаррики дуюми хабар дод. Соати 17.35 ҳавопаймо дар фосилаи 161 километр аз шаҳри Душанбе аз радарҳо ғайб зад ", - гуфта мешавад дар хабарҳо. Ҳавопаймо вақте суқут кард, ки барои расидан то фурудгоҳи Кӯлоб барояш ҳамагӣ 57 километр роҳи дигар боқӣ монда буд.
Телеграм-канали “База” хабар дод, ки мусофирони ҳавопаймо оилаи соҳибкорони шинохта аз шаҳри Волгодонски вилояти Ростов будаанд. Анатолий Евсюков дар Волгодонск молики чандин бозору фурӯшгоҳ, аз ҷумла фурӯшгоҳҳои «Машенка», «Атлант» ва «Авангард» ва боз як силсила биноҳои тиҷоратии дигар буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.