расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДАРО ДАР МАСКАВ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДАРО ДАР МАСКАВ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТАНД

БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДАРО ДАР МАСКАВ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТАНД 
Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав рӯзи 19 январи соли 2024 бо судури як қарори нав блогери тоҷик Раҷабзода Салмон Ҷумъабойро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Салмон Раҷабзода ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва таҳқири духтарони рус дар видеоҳои саҳнасозишудааш айбдор мешавад. Дар додгоҳи ноҳияи Симонов бидуни ироаи ҷузъиёт гуфтанд, ки “додгоҳ нисбат ба Салмон Раҷабзода чораи пешгирӣ  дар намудаи ҳабси хонагирo интихоб кард”. Салмон Раҷабзода рӯзи 7 январи соли 2024 дастгир шуд, вале додгоҳи ноҳияи Симонов рӯзи 9 январ дархости тафтишот барои ҳабси пешакии ӯро рад карда, бо як қарори дар таҷрибаи додгоҳҳои Русия нодир блогери тоҷикро рост аз толори мурофиа озод кард. Додситонӣ аз қарори озодии Раҷабзода ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурд. Тафтишот ба ҳабси ӯ исрор меварзид ва бар ин буд, ки азбаски блогер дар маҳалли сабти номаш зиндагӣ надорад, бо вуҷуди додани забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли зист, метавонад фирор кунад. Рӯзи 17 январ додгоҳи шаҳри Маскав дархости додситониро қонеъ гардонда, қарори озодии Салмон Раҷабзодаро бекор кард ва дархости тафтишот барои интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба блогери тоҷикро дигарбора ба ҳамон додгоҳи ноҳияи Симонов фиристода шуд.
Ахиран Салмон Раҷабзода дар мусоҳибаи видеоӣ бо Телеграм-канали SHOT изҳор дошт, ки қурбони “подстава” шудааст ва дар асл,  ӯ ягон бор дар ягон ҷо нагуфтааст, ки “бо Наташа кайф мекардам” ва “ҳамаи духтарони рус аз они мо мешаванд”. Блогери тоҷик гуфт, ба пулис ариза навиштааст, то онҳоеро, ӯро чунин “подстава” карданд, пайдо кунанд. Салмон Раҷабзода мегӯяд, дар он видеои ҷанҷолбарангез садои ӯ нест, касе онро дасткорӣ кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.