расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОДГОҲИ ШАҲРИ МАСКАВ ҲУКМИ ОЗОДИИ БЛОГЕРИ ТОҶИКРО БЕКОР КАРД. САЛМОН РАҶАБЗОДА ГУФТ, КИ Ӯ ҚУРБОНИ “ПОДСТАВА” ШУДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДОДГОҲИ ШАҲРИ МАСКАВ ҲУКМИ ОЗОДИИ БЛОГЕРИ ТОҶИКРО БЕКОР КАРД. САЛМОН РАҶАБЗОДА ГУФТ, КИ Ӯ ҚУРБОНИ “ПОДСТАВА” ШУДААСТ

ДОДГОҲИ ШАҲРИ МАСКАВ ҲУКМИ ОЗОДИИ БЛОГЕРИ ТОҶИКРО БЕКОР КАРД. САЛМОН РАҶАБЗОДА ГУФТ, КИ Ӯ ҚУРБОНИ “ПОДСТАВА” ШУДААСТ 
Хадамоти муштараки додгоҳҳои шаҳри Маскав хабар дод, ки додгоҳи шаҳрии пойтахти Русия рӯзи 17 январи соли 2024 дархости додситониро қонеъ гардонда, қарори додгоҳи ноҳияи Симонов аз санаи 9 январ дар бораи аз ҳабс озод кардани блогери тоҷик Раҷабзода Салмон Ҷумъабойро бекор кард. Дархости тафтишот барои интихоби ҳабси пешакӣ ҳамчун чораи пешгирӣ нисбат б Раҷабзода дигарбора ба додгоҳи ноҳияи Симонов фиристода шуд. Дар видеои нашршуда аз толори додгоҳ дида мешавад, ки блогери тоҷик қарори бекор кардани ҳукми озодиашро бо истодагарӣ қабул кард.
Қабл аз оғози мурофиа, Салмон Раҷабзода дар мусоҳибаи видео бо Телеграм-канали SHOT изҳор дошт, ки қурбони “подстава” шудааст ва дар асл,  ӯ ягон бор дар ягон ҷо нагуфтааст, ки “бо Наташа кайф мекардам” ва “ҳамаи духтарони рус аз они мо мешаванд”. Блогери тоҷик гуфт, ба пулис ариза навиштааст, то онҳоеро, ӯро чунин “подстава” карданд, пайдо кунанд. Салмон Раҷабзода мегӯяд, дар он видеои ҷанҷолбарангез садои ӯ нест, касе онро дасткорӣ кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав рӯзи 9 январ бо як тасмими дар таҷрибаи додгоҳҳои Русия хеле нодир аз қонеъ сохтани дархости таф тафтишот дар мавриди ҳабси пешакии блогери тоҷик Салмон Раҷабзода даст кашид ва ӯро дар толори додгоҳ озод кард. Салмон Раҷабзода ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва таҳқири духтарони рус дар видеоҳои саҳнасозишудааш айбдор мешавад. Додситонӣ аз қарори озодии Раҷабзода ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурд. Тафтишот ба ҳабси ӯ исрор меварзад ва бар ин аст, ки азбаски блогер дар маҳалли сабти номаш зиндагӣ надорад, бо вуҷуди додани забонхат метавонад фирор кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.