расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ЯК ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ ДУ ДОНИШҶӮИ НОБОЛИҒИ ТОҶИКРО КОРД ЗАДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ДАР ЯК ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ ДУ ДОНИШҶӮИ НОБОЛИҒИ ТОҶИКРО КОРД ЗАДААНД

ДАР ЯК ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ ДУ ДОНИШҶӮИ НОБОЛИҒИ ТОҶИКРО КОРД ЗАДААНД
Рӯзи 15 январи соли 2024, тақрибан соати 14:00 ба вақти Маскав байни донишҷӯёни РАНХиГС (Академияи президентӣ) занозании гуруҳӣ рух додааст. Дар пайи ин занозанӣ 11 нафарро дастгир кардаанд ва ду донишҷӯи 16-солаи соли якуми Академияи президентӣ аз Тоҷикистон Ибодов ва Ҳоҷиевро бо захмҳои корд бистарӣ кардаанд.10 нафар аз дастгиршудагон ноболиғ будаанд. Академияи президентии Русия дар хиёбони Вернадский дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав ҷойгир шудааст, вале занозанӣ байни донишҷӯёнаш, бино ба иттилои Телеграм-канали “База”, дар хобгоҳи №2 дар хиёбони Волгоград дар минтақаи Текстилшики дар ҷанубушарқи пойтахти Русия рух додааст.
“База” тафсилоти муноқишаро чунин ба қалам додааст: “Дар назди ошхонаи KFC ба назди гуруҳи донишҷӯён як нафари ношинос омада, бо шакли таҳқиромез талаб кард, ки ба ӯ сигор бидиҳанд. Чунин бархӯрди тунд ба бачаҳо нафорид ва онҳо низ ҷавоби тундаш доданд. Дар натиҷа, занозанӣ ба амал омад. Ибодов ва Хоҷиевро бо захмҳои корд дар бемористон хобонданд”.
Бино ба иттилои Телеграм-канали SHOT, ду донишҷӯе, ки корд хӯрданд, ҳарду 16 сол дошта, дар соли якум таҳсил мекарданд. Дар ҷараёни муноқиша як донишҷӯи соли сеюм аз ҷайбаш корд бароварда, ду насраси 16-сола аз Тоҷикистонро корд зад: якеро — аз ноҳияи шикам ва сари сина, дуюмиро —  аз қисмати тахтапушт ва дасташ. SHOT низ аз боздошти 11 иштирокчиии занозанӣ, бо шумули 10 ноболиғ хабар дод. Нисбат ба 10 нафар бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд, вале дар робита ба ин занозанӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ ҳам кушода, як нафарро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Бино ба иттилои SHOT, ин ҳамон донишҷӯи соли сеюм аст, ки ду наврасро корд зад. Дар бораи кӣ будани ӯ маълумоте дода нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.