расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АМАЛИЁТИ “МАРГ БА САРАМЧОР” - ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ПОКИСТОН БА ДОХИЛИ ХОКИ ЭРОН

Асосӣ / Ҷаҳон

АМАЛИЁТИ “МАРГ БА САРАМЧОР” - ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ПОКИСТОН БА ДОХИЛИ ХОКИ ЭРОН

АМАЛИЁТИ “МАРГ БА САРАМЧОР” - ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ПОКИСТОН БА ДОХИЛИ ХОКИ ЭРОН
Артиш Покистон субҳи 18-уми январи соли 2024, чанд мавзеъро дар хоки Эрон ҳадаф қарор дод. Бино ба гуфтаи Исломобод, тайёраҳои ҷангии ин кишвар субҳи панҷшанбе "як ҳамлаи комилан дақиқ ва комилан ҳамоҳангу ҳадафмандро алайҳи махфигоҳҳои террористҳо дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон анҷом додаанд".
Вазорати корҳои хориҷии Покистон Эронро "кишвари бародар" хонда, номи рамзии ин амалиётро "Марг бар сарамчор" ба қалам дод ва гуфт, дар ҷараёни ин амалиёт теъдоде аз "терористҳо" кушта шуданд.
 "Сарамчор" дар лаҳҷаи балуҷӣ "озод" ,"ҷудоихоҳ" фаҳмида мешавад. Аммо ҳам Покистон ва ҳам Эрон нерӯҳои балуҷи ҷудоихоҳро "террорист" медонанд. Аз ин нерӯҳо гоҳе "Мазор" ва "Мазорон" низ ном мебаранд.
Аҳмад Ваҳидӣ, вазири кишвар, яъне корҳои дохилии Эрон гуфт, дар ин ҳамлаи ҳавоии Покистон ба қаламрави Эрон 9 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак кушта шудаанд.
Салмон Масъуд, хабарнигори "The New York Times" дар Покистон низ дар саҳифаи худ дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) ба таври муфассал ба нақл аз мақомҳои амниятии Покистон навиштааст, ки "ҳадди ақал 7 урдугоҳи мавриди истифодаи ҷудоиталабони балуҷ дар умқи аз 40 то 50- километрии хоки Эрон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд". Расонаҳои маҳаллии Покистон навиштаанд, ки "7 ҳадаф дар 3 минтақаи мухталиф: Сировон, Шамсор ва Ҳунақ дар устону Сиистону Балуҷистони Эрон мавриди ҳамла қарор дода шудааст".
Ин амалиёти Покистон ба хоки Эрон ду рӯз пас аз ҳамлаҳои мушакии Эрон ба дохили Покистон сурат гирифт. Он замон ҷониби Эрон гуфта буд, ки  ин ҳамлаҳо алайҳи пойгоҳҳои "Ҷайш-ул-адл" дар Покистон иҷро шуд ва чандин тан аз фармондеҳони ин ин гурӯҳ нобуд карда шуд. Вале мақомҳои Покистон ин иддаои Эронро рад карда, ҳамлаи Эронро "ҳамла ба болои мардуми мулкӣ” номиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.