расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ МАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ МАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ

ҲАЛОКАТИ МАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ
15-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Худойбердиев Асрор Файзиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мансуров Абдуқаюм Абдуваҳобович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Мансуров А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ ва дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расидааст.
15-уми январи соли 2024, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус ЕС-350», Ниязов Муҳаммадҳусейн Рустамович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши воситаи нақлиёт пиёдагард, марди шахсияташ номаълум, тахминан 40-45-соларо пахш намудаааст, ки номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.