расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОКИНИ АШТ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ ҲАМСАРАШРО КОРД ЗАДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

СОКИНИ АШТ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ ҲАМСАРАШРО КОРД ЗАДААСТ

СОКИНИ АШТ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ ҲАМСАРАШРО КОРД ЗАДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба куштори ҳамсар хабар дод.  Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 14-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:00, марди 32-солаи сокини ноҳияи Ашт дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 31-солаи сокини ҳамонҷо ҷангу ҷанҷол намуда, дар ҷараёни муноқиша бо корд як маротиба ба шикамаш зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби ба сари ҳамсараш корд бардоштани сокини Ашт маълум нест.  Худи марди дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд. Ба сокини Ашт бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати расонаишудаи муноқишаҳои хунини оилавӣ дар Тоҷикистон аст. ВКД Тоҷикистон қаблан аз боздошти марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ хабар дода буд. Бино ба фарзияи мақомот, субҳи 12-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:00, марди сокини ноҳияи Данғара бо сабабҳои рашки оилавӣ ба хонаи ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, дасту пойҳояшро баста,  бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.