расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Имрӯз, 16-уми январи соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Имрӯз, 16-уми январи соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Раиси Бонки миллӣ, ректори ДМТ, Президенти Академия илмҳо ва раиси Кумитаи ҷавонон аз вазифа озод шуданд

Имрӯз, 16-уми январи соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Аз ҷумла, Ҳоким Холиқзода аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикитон озод ва муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, ки беш аз як сол инҷониб холӣ буд, таъин гардид.
Ба ҷойи ӯ Фирдавс Толибзода, ки то ин лаҳза муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст.
Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазирАкс аз сомонаи БМТ
Фирӯз Шарифзода, ки то ин лаҳза муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, муовини якуми раиси ин бонк таъин гардидааст.
Ҳамчунин, Сироҷиддин Икромӣ, ки то ин замон раиси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буд, аз вазифа озод ва ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ раиси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъин гардидааст.
Фирдавс Толибзода ва Сироҷиддин Икромӣ
Инчунин, Қобилҷон Хушвақтзода, ки то ин вақт ректори Донишгоҳи миллли Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шудааст.
Ҳоло маълум нест, ки Фарҳод Раҳимӣ, ҳамакнун президенти пешини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кадом вазифа таъин гардидааст.
Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии ҳамакнун собиқи президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз вазифа озод ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шудааст.

Қобилҷон Хушвахтзода, Эмомалӣ Насриддинзода ва Фарҳод Раҳимӣ
Бо фармони дигари раиси ҷумҳур Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш озод ва ба ҷойи Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шудааст.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, ки то ин дам вакили парлумон буд, раиси нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъин гардидааст.
Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ин ниҳод навтаъсис буда, Файзуллозода аввалин роҳбари он мебошад.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, Абдулло Раҳмонзода ва Хуршед Файзуллозода
Бо фармони президент, Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиноси тоҷик, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин карда шавад.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/power/20240116/raisi-bonki-mill-rektori-dmt-prezidenti-akademiya-ilmo-va-raisi-kumitai-avonon-az-vazifa-ozod-shudand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • HealthGer | Гости

    Опоздание Автомобиль был грязным и не заправленным при получении. Я потратил дополнительное время и деньги на его подготовку. Дублированный депозит Очень дорогие страховки. В итоге, аренда обошлась мне гораздо дороже, чем я ожидал. Отсутствие информации Забронировал автомобиль заранее, но по приезду оказалось, что его уже сдали другому клиенту, и мне пришлось выбирать из оставшихся, менее подходящих вариантов. scam phishing site spam site phishing

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.