расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАССОМИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ВАФО НАЗАРОВ ДАР СИННИ 83 МОРО ТАРК ГУФТ

Асосӣ / Ҷомеа

РАССОМИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ВАФО НАЗАРОВ ДАР СИННИ 83 МОРО ТАРК ГУФТ

РАССОМИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ВАФО НАЗАРОВ ДАР СИННИ 83 МОРО ТАРК ГУФТ
Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон, раиси Академияи мусаввирии ҷумҳурӣ ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ рӯзи 12 январи соли 2024 дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дӯстону наздикони рассоми маъруф хабар доданд. Дар бораи иллати марги Вафо Назаров чизе гуфта нашудааст.
Вафо Назаров 6 майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯробод (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) ба дунё омадааст. Падари Вафо Назаров соли 1943 дар Ҷанги бузурги ватанӣ беномунишон шуд ва ӯ ятим монда, дар хонаи кӯдакони ноҳияи Ховалинг ба воя расид. Вафо Назаров соли 1960 омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва соли 1972 Донишкадаи театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург)ро хатм кардааст. 
Вафо Назаров ҳанӯз соли 1968 ба узвияти Иттифоқи рассомони СССР, соли 1973 — ба узвияти Иттифоқи кинематографистони СССР, соли 1984 — ба узвияти Иттифоқи журналистони СССР  ва соли 1996 — ба узвияти Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО пазируфта шуда буд. Вафо Назаров ҳанӯз соли 1982 барои офаридани силсилаи асарҳои санъати тасвирии “Диёри нозанинам — Тоҷикистон” сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва соли 1997 сазовори унвони фахрии “Рассоми халқии Тоҷикистон” гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.