расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР ДЕВАШТИЧ ВА ҒОРАТИ ПУЛҲОИ ЯК ҶАВОН АЗ ҲАМАДОНӢ ДАР КӮЛОБ

Асосӣ / Ҷомеа

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР ДЕВАШТИЧ ВА ҒОРАТИ ПУЛҲОИ ЯК ҶАВОН АЗ ҲАМАДОНӢ ДАР КӮЛОБ

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР ДЕВАШТИЧ ВА ҒОРАТИ ПУЛҲОИ ЯК ҶАВОН АЗ ҲАМАДОНӢ ДАР КӮЛОБ
10-уми январи соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Муҳаммадиев Фарҳод Бобоҷонович, с.т. 1976, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди ноҳияи Деваштич пиёдагард Салимов Шавкат Наимович, с.т. 1981, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххх
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 9-уми январи соли 2024, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум дар маҳаллаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасташ ҳамёнашро, ки дар дохилаш 2 ҳазору 100 сомонӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 22-сола бо ҳаммаслаконаш содир намудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.