расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАРДУ МАРГТАЛАБИ КИРМОН ВА РАҲБАРАШОН “АБДУЛЛОҲИ ТОҶИКӢ” АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲАРДУ МАРГТАЛАБИ КИРМОН ВА РАҲБАРАШОН “АБДУЛЛОҲИ ТОҶИКӢ” АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД

ҲАРДУ МАРГТАЛАБИ КИРМОН ВА РАҲБАРАШОН “АБДУЛЛОҲИ ТОҶИКӢ” АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД
Вазорати иттилооти Эрон, ки  умури амнияти Ҷумҳурии исломиро дар даст дорад, рӯзи 11-уми январи соли 2024 бо пахши як иттилоия номи созандаи бомбаҳои дар ҳамлаи маргбори Кирмон истифодашударо нашр намуд. Бино ба ин баёния, "тарроҳ ва пуштибони аслии амалиёти ҷинояткоронаи мавриди баҳс фарди тоҷикистонӣ, ба номи мустаъори "Абдуллоҳи Тоҷикӣ" " будааст. 
Ин вазоратхона меафзояд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон "дар таърихи 28-уми озармоҳи гузашта ҳамроҳ бо як зан ва як кӯдак "барои таъмини пӯшиш" ба сурати ғайримуҷоз ва тавассути қочоқбарҳои маҳаллӣ аз марзҳои ҷанубу-шарқӣ вориди Эрон шуда, ба устони Кирмон мунтақил ва дар хонаи иҷорае дар ҳумаи, яъне наздикии шаҳри Кирмон мустақар мешавад".
Бар асоси ин иттилоия, ин шаҳрванди Тоҷикистон илова бар роҳбарии ин амалиёти террористӣ, инчунин ба сохтани бомб низ шахсан машғул шудааст. Вале ба нерӯҳои амниятии Эрон муяссар нашудааст, ки ин нафарро дастгир намоянд. Ӯ пас аз омода намудани бомбҳои интиҳорӣ ва қадам ба қадам кашидани нақшаи террор барои ҳаммаслакони худ ду рӯз пеш аз худи ҳамла Эронро тарк намудааст. 
Шахсияти ҳарду маргталаб низ аз ҷониби мақомоти Эрон низ муайян карда шудааст. Гуфта мешаванд,  ҳарду маргталаб шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке аз онҳо Бозоров Исроил Амонуллоевич ном дошта, 24 сола будааст.  Дар мавриди шахсияти дуввумӣ, гуфта шудааст, ки "сарнахҳои қобили таваҷҷуҳе ба даст омада, ки пас аз ҳусули мушаххасоти комил исми вай эълом хоҳад шуд".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.