расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки дирӯз, 10-уми январи соли 2023, пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба м

Асосӣ / Ҷомеа

Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки дирӯз, 10-уми январи соли 2023, пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба м

Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки дирӯз, 10-уми январи соли 2023, пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.
Навори суҳбати Ҳакан Фидан тавассути саҳифаи Телевизиони “Тоҷикистон” ва ҳам саҳифаи фейсбуки сафири Туркия дар Тоҷикистон намоиш дода шудааст.
“Аз ҷониби Қирғизистон хабари хушро оиди он, ки дар ҳалли масъалоҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мувофиқа расида шудааст, гирифта будем. Интизор меравад, ки созишнома дар моҳи март имзо шавад ва имрӯз дар инҷо имкон доштам, ки зимни мулоқоти худ бо ҷаноби президент ин хушхабарро таъйид намоям. Ҳамчун як кишвари бародар, ки ба минтақа таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, мо ба ин созишномаи сулҳ, ки як иқдоми бузург дар таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, аҳамияти зиёд медиҳем. Худо хоҳад, дар моҳи март Тоҷикистону Қирғизистон ба баҳси сарҳадии худ ба таври расмӣ хотима бахшида, барои амнияту субот дар минтақа як гоми муҳиме хоҳанд гузошт”, - гуфт Ҳакан Фидан пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳузури рӯзноманигорон.
Моқомоти Тоҷикистон то ҳол ин суханони Ҳакан Фиданро шарҳ надодаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё воқеан Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масъалоҳои марзӣ ба мувофиқа расидаву имзои созишнома моҳи март дар назар аст.
Бояд гуфт, ки Ҳакан Фидан қабл аз сафар ба Тоҷикистон, рӯзҳои 8-9-уми январ дар Қирғизистон буд.
Ба гузориши хабарнигории туркии “Анадолу”, вай дар он ҷо бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев музокира анҷом дода ва ҳамчунин бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба навиштаи ин расона, дар Бишкек Ҳакан Фидан гуфта, ки Анқара аз созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ истиқбол мекунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон чунин як тавофуқ ҳосил шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.