расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти қаллобони лотереяфурӯш

Асосӣ / Ҷомеа

Боздошти қаллобони лотереяфурӯш

Боздошти қаллобони лотереяфурӯш

Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони ноҳияи Рудакӣ Ғафурзода Сомон ва Гулзода Некрӯз дар YouTubе бо номҳои “SOMONOfficial” ва “МАКSIМ ТV” саҳифаҳои худро ба қайд гирифта, бозии лотерея ташкил кардаанд.

Онҳо бардурӯғ чандин мошини тамғаҳои “КИА К5”, “Тойота Камри” ва“Ҳюндай Соната”-ро ба бозии лотерея гузошта, шаҳрвандони зудбоварро ба маблағи садҳо ҳазор сомонӣ фиреб додаанд.

Ба зикри манбаъ,, дар натиҷаи кирдорҳои қаллобонаи Сомон Ғафурзода ва Некрӯз Гулзода маблағи зиёди шаҳрвандон, дар маҷмуъ 590 ҳазору 700 сомонӣ тасарруф карда шудааст.

Тибқи шартҳои пешбинигардида онҳо бояд мошинҳоро бо натиҷаи бозӣ ба шахсони бурднамуда медоданд. Аммо Ғафурзода С. ба боварии шаҳрвандон Қодиров Ҷ.Р. ва Саидов А.О. даромада, бо роҳи фиреб, ки бе гузаронидани бозӣ автомашинаҳои дар бозӣ гузошташударо бо нархи арзон ба онҳо мефурушад, аз номбурдагон тавассути интиқоли пулӣ маблағи 180 500 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Гулзода Н. низ ба боварии шаҳрвандон Назаров Э., Салимов Н. ва Қараев Б. даромада, бо ваъдаи бардурӯғ, ки баъди баргузории бозӣ автомашинаҳои “Тойота Камри” ва “Хюндай Соната”-ро ба онҳо арзон мефурӯшад, аз шаҳрвандони номбурда дар се ҳолат тавассути ҳамёни электронии “Душанбе Сити”, ҷамъ 230 200 сомониро гирифта, тасарруф кардааст.

Бо натиҷаи санҷиш аз тарафи Прокуратураи генералӣ 08.11.2023 нисбат ба Ғафурзода С. ва Гулзода Н. бо моддаи 247 қ. 4 б. “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.