расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нахустин барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод

Асосӣ / Иқтисодиёт

Нахустин барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод

Дар Душанбе маросими муаррифии барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, иштирокчиёни чорабинӣ (Roadshow) бо шартҳои барориш ва ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар чорабинӣ вазири молия ва раиси Бонки миллӣ, инчунин намояндагони як қатор вазорату идораҳои кишвар ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ иштирок карданд.Гуфта мешавад бозори такрории коғазҳои қиматнок бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми ахираш дода буд, роҳандозӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки зимни ироаи паём ба парлумон рӯзи 27 декабри соли гузашта президент ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки “ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки “сабз” ва бозори такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”.
Дар хабар таъкид мешавад, ки барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ барои бозори озод бо иштироки доираи васеъ тибқи шароити бозор дар кишвар бори аввал сурат мегирад.
Гуфта мешавад, дар ин бозор коғазҳои қиматноки бахши хусусӣ, аз ҷумла вомбаргҳои корпоративӣ низ метавонанд ҷойгир карда шаванд.

Танҳо “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” нашавад

Яке аз иштирокчиёни чорабинӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ (бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоту ширкатҳо) ва ҳам ба шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст.Дар назар аст, ки пули ҷамъоваришуда ба буҷет барои маблағгузорӣ ба бахшу соҳаҳои муҳим равона мегардад.
Мутахассис аз ташикли бозори такрории коғазҳои қиматнок дар кишвар истиқбол намуда, ба ақидаи ӯ, ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ин коғазҳоро харида, фоида ба даст оранд.
Аммо ӯ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҷойгиркунии вомбаргҳои нашршуда ба мисли фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” дар соли 2010 метавонад “хусусияти ихтиёрӣ-маҷбурӣ” касб кунад.

Аллакай дар нақша буд

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011 мехостанд, ки дар кишвар бозори такрории коғазҳои қиматнок ташкил ва дар он, аз ҷумла саҳмия ва гувоҳномаҳои ҶСК “НБО Роғун”-ро ҷойгир кунанд.
Аммо нақшаҳои мазкур бо сабаби ба таври кофӣ мавҷуд набудани маблағ танҳо рӯйи коғаз монданду халос.
Қобили зикр аст, ки ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати молия нашр мешавад, дар бозори аввал тариқи музояда сурат мегирад. Музоядаҳо дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.