расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Арзиши патент дар Русия дар соли 2024 чӣ қадар боло рафт.

Асосӣ / Муҳоҷир

Арзиши патент дар Русия дар соли 2024 чӣ қадар боло рафт.

Арзиши патенти кор барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2024 дар ҳамаи минтақаҳои Русия тағйир меёбад. Патенти аз ҳама гарон дар Ҷумҳурии Саха (12 957 рубл) ва арзонтарин - дар Чеченистон (2 880 рубл) муқаррар шудааст.
“Ҳамасола арзиши патент аз 3 таркиб ҳисоб карда мешавад:
- пардохти сабтшуда дар ҳаҷми 1200 рубл мувофиқи Кодекси андози Русия;
- коэффисиенти минтақавӣ, ки аз рӯи қонуни минтақа муқаррар мешавад;
- коэффисиент-дефлятор, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия муайян карда мешавад”, - менависад Интерфакс бо истинод ба Маҷлиси Қонунгузории минтақаи Перм.
Дар соли 2023 чӣ қадар буд?
Барои муқоиса, дар Маскав соли гузашта патент 6 600 рубл нарх дошт, имсол - 7 500.
Дар вилояти Ленинград соли 2023 - 4 400 рубл, имсол - 4 600 рубл.
Дар кишвари Красноярск соли 2023 - 6 701 рубл, имсол - 8 153 рубл.
Дар Ёқутистон (Якутия) соли 2023 - 12 255 рубл, имсол - 12 957 рубл (гаронтарин).
Дар Чеченистон соли 2023 - 2 742 рубл, имсол - 2 880 рубл (арзонтарин).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.