расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАВАЛЛУДИ КӮДАК ДАР ВАҚТИ ПАРВОЗ ДАР ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ДУШАНБЕ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ТАВАЛЛУДИ КӮДАК ДАР ВАҚТИ ПАРВОЗ ДАР ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ДУШАНБЕ

ТАВАЛЛУДИ КӮДАК ДАР ВАҚТИ ПАРВОЗ ДАР ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ДУШАНБЕ
Шаби 10 январи соли 2024 дар дохили ҳавопаймои ширкати русии “Уральские авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон парвоз мекард, яке аз мусофирон духтар ба дунё овардааст. Мусофирони дигар аз ин ҳодиса он қадар ба ваҷд омаданд, ки барои тифли навзод 55 ҳазор рубл ва 3 ҳазор сомонӣ “рӯбинак” ҷамъ кардаанд. 
“Бо таваллуди кӯдак дар вақти парвоз сар кардани соли нав барои мо ба як анъанаи хуб табдил ёфта истодааст. Як сол қабл, 29 декабри соли 2022 дар дохили ҳавопаймои Жуковский – Хуҷанд Оишахон ба дунё омада буд. Ин дафъа шаби 10 январ дар дохили ҳавопаймое, ки бо хатсайри U6-2441 аз Жуковский ба Душанбе парвоз дошт, боз як духтарча ба дунё омад”, - навиштааст ширкати ҳавопаймоӣ.
Тибқи ин хабар, баробари аз фурудгоҳи Жуковский ба осмон хестани ҳавопаймо, як зан ба доду фарёд даромадааст. Меҳмондорон, ки яке аз онҳо Надежда Ивакина дар гузашта фелдшер буд, ва Мадина ном мусофире, ки ҳамшираи тиббӣ будааст, ба кумаки ин зан шитофтанд. Маълум шуд, ки ин занро дарди кӯдак гирифтааст. Зани ҳомиларо дар як қатори иборат аз се курсӣ ҷой карда, таҷҳизоти лозим барои таваллуди кӯдакро омода карданд. Сармеҳмондори ҳавопаймо Анна Семёнова ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кардааст: “Ба зудӣ тифли навзод ба дунё омад. Ин ҳодиса соати 2:25 ба вақти Душанбе рух дод. Соати 2:55 ҳамроҳак ҳам берун омад. Дар бораи ин ҳодиса фармондеҳи ҳавопайморо огоҳ кардем, вале азбаски кӯдак бе мушкил таваллуд шуд, дигар нишасти изтирорӣ дар ягон фурудгоҳи сари роҳ лозим нашуд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.