расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ ПАҲЛАВОН ВА МУРАББИИ ШИНОХТА НОСИР ХУСРАВОВ, ПАДАРИ ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ

Асосӣ / Варзиш

ДАРГУЗАШТИ ПАҲЛАВОН ВА МУРАББИИ ШИНОХТА НОСИР ХУСРАВОВ, ПАДАРИ ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ

ДАРГУЗАШТИ ПАҲЛАВОН ВА МУРАББИИ ШИНОХТА НОСИР ХУСРАВОВ, ПАДАРИ ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ
Субҳи 9 январи соли 2024 қалби Носир Хусравов, варзишгар ва мураббии хушноми тоҷик устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаҳои зиёди гуштини миллӣ ва самбову дзюдо (ҷудо) ва падари қаҳрамони самбои ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар синни 66 аз тапидан бозмонд. 
Дар бораи иллати марги Носир Хусравов чизе гуфта нашудааст, вале Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи 9 январи соли 2024, вақти намози пешин дар масҷиди маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанбе, маъруф ба “масҷиди Аминҷон” доир мешавад. Барои видоъ бо Носир Хусравов шумо метавонед ба манзилаш, ки  дар ҳамин гӯшаи пойтахти Тоҷикистон дар кӯчаи Фирдавсӣ, 62, дар пушти мағозаи “Ёвар” ва поёнтар аз “Дунёи нав” ҷойгир шудааст, қадам ранҷа фармоед.
Носир Хусравов 28 майи соли 1958 дар деҳаи Мурғутгаи ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон аст. Яке аз меваҳои умдаи фаъолияти Носир Хусравов ҳамчун мураббӣ писари 31-солааш Хушқадам Хусравов аст, ки имрӯз аз паҳлавонҳои хушном ва парчамбардори Тоҷикистон ба шумор меравад. Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст оварда, дар тӯли собиқаи варзишиаш ҳамчунин 5 маротиба чемпиони самбои Осиё шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.