расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИН ҚАДАР ТОҶИКҲОИ ДОИШИИ ОМОДА БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АВРУПО АЗ КУҶО ПАЙДО ШУД?

Асосӣ / Муҳоҷир

ИН ҚАДАР ТОҶИКҲОИ ДОИШИИ ОМОДА БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АВРУПО АЗ КУҶО ПАЙДО ШУД?

ИН ҚАДАР ТОҶИКҲОИ ДОИШИИ ОМОДА БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АВРУПО АЗ КУҶО ПАЙДО ШУД?
Матбуоти Олмону Австрия дар рӯзҳои охир дар бораи сели боздоштҳои аъзои ДОИШ, ки, мутаассифона, аксарашон зодагони Тоҷикистонанд, хабар медиҳанд. Журналистони немис дар пайи ин сели боздоштҳо суолеро матраҳ мекунанд, ки ин қадар ҷангҷӯи исломгарои зодаи Тоҷикистон дар Олмон аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шуд? Рӯзномаи “Bild” бо такя ба манобеаш дар мақомоти амниятӣ ва пулиси Олмон хабар дод, ки аксари ин ифротгароёни зодаи Тоҷикистон дар ҷомаи гурезаҳои ҷанги Украина ба Олмон омадаанд. Бино ба маълумоти дарёфтии “Bild”, ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ барои вуруд ба Олмону кишварҳои дигари Аврупо аз санадҳои қалбакӣ истифода бурда, дар инҷо бо шикоят аз ин ки дар кишварҳои худ таҳти фишору таъқиб қарор доранд, хеле ба осонӣ ва бидуни пурсуҷӯи зиёд ҳаққи будубош пайдо мекунанд.
Ин фарзияро аввалин шуда пойгоҳи хабарии “Бомдод” матраҳ карда буд. Як манбаи “Бомдод” дар Олмон нақл карда буд, ки баъди торумор шудани ДОИШ дар Сурияву Ироқ, аксари ҷангҷӯёнаш рӯ ба фирор оварданд. Дар аввал як қисми онҳо ба Русия, ки дар вақташ аз ҳамин ҷо ба Ховари Миёна рафта буданд, баргаштанд. Вале баъди боздошту истирдоди нахустин ҳамсангаронашон дар Русия, ҷангҷӯёни фирории ДОИШ дар ҷустуҷӯи макони амнтар рӯ ба Украина оварданд. Аввалан ба ин далел, ки Украина бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ виза ҷорӣ накардааст. Сониян, Киев қариб ҳеҷ гоҳ афроди таҳти ҷустуҷӯро ба ин кишварҳо таслим намекард. Баъди онки моҳи феврали соли 2022 Русия ба Украина ҳамла кард ва кишварҳои Аврупо фавҷ фавҷ гурезаҳо аз Украинаро қабул карданд, бино ба нақли ҳамсуҳбати “Бомдоди”, доишиҳои дар Украина паноҳбурда низ аз ин фурсат истифода бурда, худро ба Аврупо заданд ва тавонистанд ба осонӣ дар кишварҳои ин қора паноҳ бубаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.