расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 15-шабонарӯз: Боздошт ва ҳабси марди дағалгуфтор

Асосӣ / Ҷомеа

15-шабонарӯз: Боздошт ва ҳабси марди дағалгуфтор

15-шабонарӯз: Боздошт ва ҳабси марди дағалгуфтор
Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, барои вайрон намудани тартибот дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шаҳрванд Саидов Комил Анварович, санаи таваллудаш 10.02.1979 дастгир карда шуд. 
Чуноне аз навор дида мешавад, номбурда санаи 8-уми январи соли ҷорӣ, тақрибан соати 16:10 дақиқа ҳангоми дар дохили Автобуси хатсайри №3 қарор доштан, бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. 
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамзамон дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, бо ин амалу рафтори худ табъи дигар мусофиронро хира намуда, боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати дастгиршуда Саидов Комил тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.