расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ЛИТВА БО ҶИПИ ДУЗДИИ ТАМҒАИ "МЕРСЕДЕС” БА ДАСТ АФТОД (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ЛИТВА БО ҶИПИ ДУЗДИИ ТАМҒАИ "МЕРСЕДЕС” БА ДАСТ АФТОД (АКС)

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ЛИТВА БО ҶИПИ ДУЗДИИ ТАМҒАИ "МЕРСЕДЕС” БА ДАСТ АФТОД (АКС)
Хадамоти марзбонии Литва (VSAT) хабар дод, ки дар рӯзи иди Соли нав, яъне 31 декабри соли 2023, як шаҳрванди  40-солаи Тоҷикистон дар марзи Литва бо Беларус бо мошини ҷипи рангаш сафеди тамғаи гаронбаҳои “Mercedes-Benz GLE” ба даст афтодааст.  Бино ба гузориши марзбонони литвонӣ, рӯзи 31 декабр онҳо дар гузаргоҳи Райгардас санадҳои шаҳрванди Тоҷикикистонро, ки мехост бо мошини ҷипи рангаш сафеди сохти соли 2022 ва бо рақамҳои Олмон аз Литва ба Беларус биравад, тафтиш кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Литва ҳаққи иқомат доштааст, вале тафтиши маълумот дар бораи мошини ҷипи ӯ нишон дод, ки ин мошин аз 23 декабри соли 2023 аз ҷониби пулиси Олмон таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми хариду фурӯши молҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада тафтишот оғоз кардаанд. Қонунҳои Литва барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ё то 6 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунанд.  Мошини ҷипро аз дасти шаҳрванди Тоҷикистон гирифта, то замони муайян кардани сарнавишти баъдиаш дар қаламрави воҳиди сарҳадии Друскининкай маҳкам кардаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ҷипро ба соҳиби аслиаш дар Олмон бармегардонанд.
Ҷолиб он аст, ки шаҳрванди Тоҷикистонро низ баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд. Маълум нест, ки ӯ дидаю дониста ҷипи дуздиро харидааст ваё худаш ҳам қурбони фиреби мошиндуздон шудааст?

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.