расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ЭЪЛОН КАРДА БУД, ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷаҳон

СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ЭЪЛОН КАРДА БУД, ХУДКУШӢ КАРДААСТ

СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ЭЪЛОН КАРДА БУД, ХУДКУШӢ КАРДААСТ
Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон тасдиқ кард, ки Абдилдаев Арстанбек, маъруф бо номи “Арстан Алай”, ки худро “Худои нав” ва “Наҷотбахши инсоният” эълон карда буд, субҳи е янври соли 2024 дар маҳбаси №31 худкушӣ кардааст. Ҷасади ӯро субҳи ҷумъа, тақрибан соати 5:15 аз ҳалқаи дор берун кашидаанд.
Арстан Алайро, ки аз 13 декабри соли 2023 дар ҳабс қарор дошт, рӯзи 28 декабр  бо тавсияи табиби равоншинос аз СИЗО №1 ба маҳбаси №31 интиқол дода буданд. Табиб хулоса додааст, ки “Худлои нав” гирифтори бемории рӯҳӣ ва галлютсинатсия (таваҳҳум) аст.
Бино ба иттилои Хадамоти иҷрои ҷазо, “дар маҳбаси №31 Арстан Алай аз дарди қалбу сар ва меъд, хастагӣ ва шунидани ҳар гуна садоҳо шикоят мекард. Ташхиси пешакӣ бемории ӯро ҳамчун “навъи номушаххаси бемории руҳӣ, бемори қалб ва бемории хатараш баланди фишори хун” муайян карда, ҷиҳати зарурати ташхиси комили вазъи саломатии ӯ хулоса дода буд. Субҳи 5 январ, тақрибан соати 4%2 Абдилдаев ба ошхонаи машбас даромад. Соати 5%15 ҷсади ӯро дар ҳолати овехта пайдо карданд. Ташхиси пешакии ҷасад дар бадани ӯ ягон ҷароҳати дигар пайдо накардааст. Барои муайян кардани иллати дақиқи марг, экспертизаи додгоҳию тиббӣ таъйин карда шуда, иҷрои он ба Маркази ҷумҳуриявӣ дар Бишкек супурда шудааст”.
Ва аммо адвокати Арстан Алай Қайсин Абакиров изҳор дошт, ки “амалҳои ғайрмиқонунии мақ2омоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ сабаби худкушии ӯ шудааст”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.