расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ВА “НАҶОТБАХШИ ИНСОНИЯТ” ЭЪЛОН КАРДА БУД

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ВА “НАҶОТБАХШИ ИНСОНИЯТ” ЭЪЛОН КАРДА БУД

БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ВА “НАҶОТБАХШИ ИНСОНИЯТ” ЭЪЛОН КАРДА БУД 
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки дар чорчӯби тафтиши парвандаи барангехтани низоъи динӣ ва “бо мақсади андешидани чораҳои бетаъхир барои солим гардондани муҳити динӣ дар кишвар” зодаи вилояти Норин Абдилдаев Арстанбек Бейшеналиевич, соли таваллудаш 1968, маъруф бо номи “Арстан Алай” дастгир шудааст. Абдилдаев рӯзи 13 декабри соли 2023 ғайб зад ва танҳо баъди ду рӯз маълум шуд, ки ӯ аз сӯи маъмурони КДАМ дастгир шудааст.
Худи Арстан Алай барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилоияи расмии КДАМ, сабаби кушодани парванда ба зидди ӯ китобҳояш ва ҳамчунин баёнияҳояш дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки дар онҳо аломатҳои даъват ба барангехтани низои динӣ ва байни динҳо ва ҷудо кардани шаҳрвандон аз нигоҳи мансубияти динӣ дида мешаванд.
"Ӯ худро "Худои нав", "Наҷотбахш" мешуморад ва дину мазҳабу боварҳои дигарро боварҳои хурофотии ноқис, заиф ва беасос шумурда, ба онҳо баҳои манфӣ медиҳад ", -  таъкид шудааст дар иттилоияи КДАМ. Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки аксари пайравони Арстан Алай духтарон буданд, ки таҳти таъсири ақидаҳои ӯ қарор гирифта, ақидаи худро иваз мекарданд, ки ин боиси низоъ ва ҷудоӣ дар дохили хонаводаҳо мегардид.
 “Арстан Алай духтаронеро, ки ӯро пайравӣ мекарданд, барои қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ истифод мебурд. Онҳоро бо манзил ва кумаки молиявӣ таъмин карда, ба сурати мунтазам барояшон мавъиза (мантра) мехонд ва дар ин мавъизаҳо бартарии худро бар динҳои дигар таъкид карда, иддао мекард, ки ягона “Худои нав” ӯст”, — гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.